Ҳафтахтар Ҷилди 3

Дуҳулзан чун дуҳулро соз мекард,
Ҳанӯз ин лобаву он ноз мекард.
Бад-ин сон ҳафтае дамсоз буданд,
Гаҳе бо узру гаҳ бо ноз буданд.
Ба рӯз оҳанги ишрат доштандӣ,
Даме бе хушдилӣ нагзоштандӣ.
Ба шаб нарди қаноат бохтандӣ,
1
Ба бӯса каъбатайн андохтандӣ.
Шаби ҳафтум, ки кор аз даст мешуд,
Ғараз девона, шаҳват маст мешуд,
Малик фармуд, то ҳам дар шаб он моҳ
Ба бурҷи хештан равшан кунад роҳ.
Сипоҳе чун кавокиб дар рикобаш,
Ки аз пуррӣ Худо донад ҳисобаш.
Нишинад, то ба сад тамкинаш оранд,
Чу маҳ дар маҳмили зарринаш оранд.
Чунон к-ояд ба бурҷи хештан Моҳ,
Ба қасри хештан омад зи хиргоҳ.
Чу рафт он нақди симин боз дар санг,
Зи нақди сим шуд дасти ҷаҳон танг.
Фалак баркард заррин бодбоне,
Намонд аз симкиштиҳо нишоне.
Шаҳаншаҳ кӯч кард аз манзили хеш,
Гирифта роҳи дорулмулк дар пеш.
Ба шаҳр омад, тарабро кор фармуд,
Баросуду зи майхӯрдан наосуд.
Ба файзи абруи симодурахше
Ҷаҳонро тоза кард аз тоҷбахшӣ.
Даромад мардро бахшанда дорад,
Замин то дарнаорад, барнаорад.
Нарезад абр бе тавфири дарё,
На бе борон шавад дарё муҳайё.
На бар марди тиҳирав ҳаст боҷе,
На аз вайрона кас хоҳад хироҷе.
Шабе фармуд, то ахтаршиносон
Кунанд андешаи душвор осон,
Биҷӯянд аз шаби торик торак
Ба равшанхотирӣ рӯзе муборак,
Ки шояд маҳди он моҳи дилафрӯз
Ба бурҷи Офтоб овардан он рӯз.
Расадбандон бар ӯ мушкил кушоданд,
Тарабро толеъи маймун ниҳоданд.
Муҳраҳои нард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо