Ҳафтахтар Ҷилди 3

Бухури атру он гаҳ рӯи зебо,
Дил аз шодӣ куҷо бошад шикебо.
Фурӯ монда зи бозиҳои дилкаш,
Дар обу оташ андар обу оташ.
Кашишҳое бад-он рағбат, ки бояд,
Чу миқнотис, к-оҳанро рабояд,
Валекин буд суҳбат зинҳорӣ,
Накарданд аз вафо зинҳорхорӣ.
Чу омад дар кафи Хусрав дили дӯст,
Бурун омад зи шодӣ чун гул аз пӯст.
Дили худро чу шамъ аз дида полуд,
Паранди Моҳро Парвин баромуд.
Ба мижгон дидаро дар моҳ медӯхт,
Магар бар миҷмари маҳ уд месӯхт.
Гаҳе месуд наргис бар парандаш,
Гаҳе мебаст сунбул бар камандаш.
Гаҳе бар нори симинаш задӣ даст,
Гаҳе ларзид чун симоб пайваст.
Гаҳе марғули ҷаъдаш боз кардӣ,
Зи шаб бар моҳ мушкандоз кардӣ.
1
Гаҳ аз фарқи сараш миъҷар кушодӣ,
Ғуломона кулоҳаш барниҳодӣ.
Гаҳ аз гесӯ-ш бастӣ бар миён банд,
Гаҳ аз лаълаш ниҳодӣ дар даҳон қанд.
Гаҳе судӣ ақиқашро ба ангушт,
Гаҳ овардӣ занах чун себ дар мушт.
Гаҳе дастина аз дасташ рабудӣ,
Ба бозӯбандиаш бозӯ намудӣ,
Гаҳе халхолҳо-ш аз пой кандӣ,
Ба ҷои тавқ дар гардан фикандӣ,
Гаҳ овардӣ фурӯзон шамъ дар пеш,
Дар ӯ дидиву дар ҳоли дили хеш.
Гаҳе гуфтӣ: танамро ҷон туӣ, ту,
Гаҳе гуфт: ин манам, ман, он туӣ, ту.
Дилаш дар банди он покизадилбанд
Ба шоҳидбозӣ он шаб гашт хурсанд.
Нишоти ҳарду дар шаҳватпарастӣ
Ба шери маст монд аз ширмастӣ.
Садаф медошт дурҷи хешро пос,
Ки то бар дур наафтад нӯки алмос.
Зи бонги бӯсҳои хуштар аз нӯш
Замона арғунун карда фаромӯш.
Сарандоз, саргирак.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо