Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чу айёрони сармаст аз сари меҳр
Ба пои шаҳ дарафтод он паричеҳр.
Чу шаҳ маъшуқро мавлои худ дид,
Сари худро ба зери пои худ дид,
Зи шодӣ сохташ бар фарқи худ ҷой,
Ки шаҳро тоҷ бар сар беҳ, ки дар пой.
Дар он хидмат, ки ёраш соз мекард,
Мукофоташ яке даҳ боз мекард.
Чу кор аз пойбӯсӣ бартар омад,
Тақозои даҳанбӯсӣ баромад.
Аз он оташ, ки бар хотир гузар кард,
Турушрӯӣ ба Ширин-дар асар кард.
Малик ҳайрон шуда, к-он рӯи гулранг
Чаро шуд шоду чун шуд боз дилтанг.
Ниҳон дар гӯши Хусрав гуфт Шопур,
Ки гар маҳ шуд гирифта, ҳаст маъзур.
Барои он ки худро то ба имрӯз
Ба номи нек парвард он дилафрӯз,
Кунун тарсад, ки мутлақдастии шоҳ
Ниҳад холи хиҷолат бар рухи Моҳ.
Чу шаҳ донист, к-он тухми барӯманд
Бад-ӯ сар дарнаорад ҷуз ба пайванд,
Басе савганд хӯрду аҳдҳо баст,
Ки бе ковин наёрад сӯи ӯ даст.
Бузургони ҷаҳонро ҷамъ созад,
Ба ковин карданаш гардан фарозад,
Вале бояд, ки май дар ҷом резад,
Ки аз даст ин замон он барнахезад,
Як имшаб шодмон бо ҳам нишинем,
Ба рӯи якдигар олам бибинем.
Чу аҳди шоҳро бишнид Ширин,
Ба ханда баркушод аз Моҳ Парвин.
Лабаш бо дур ба ғаввосӣ даромад,
Сари зулфаш ба раққосӣ даромад.
Хурӯши зевари зар тоб дода,
Димоғи мутрибонро хоб дода.
Лабаш аз май қадаҳ бар даст карда,
Ба ҷуръа соқиёнро маст карда.
Зи шодӣ чун тавонад монд боқӣ,
Ки маҳ мутриб бувад, хуршед соқӣ!
Дил аз мастӣ чунон махмур монда,
К-аз асбоби ғаразҳо дур монда.
Димоғ аз чошниҳои дигар нӯш,
Зи лаззат карда шаҳватро фаромӯш.

пешина
аз 349
навбатӣ