Ҳафтахтар Ҷилди 3

Маро гар нест дидори ту рӯзӣ,
Ту боқӣ бош дар оламфурӯзӣ.
Агар ман ҷон диҳам дар меҳрубонӣ,
Туро бояд, ки бошад зиндагонӣ.
Агар ман бар нахӯрдам аз накӯӣ,
Ту бархурдор бош аз хубрӯӣ.
Ту доим мон, ки суҳбат ҷовидон нест,
Ман ар монам ва гар на, бок аз он нест.
Зи ту берӯзиам хонанду гӯям:
Маро он беҳ, ки ман беҳрӯзи ӯям.
Маро гар рӯзу рӯзӣ рафт барбод,
Туро ҳар рӯз рӯз аз рӯз беҳ бод!
Чу барзад Борбад бар хушкрӯде
Бад-ин таррӣ, ки баргуфтам, суруде,
Дили Ширин бад-он гармӣ барафрӯхт,
Ки чун равған чароғи ақлро сӯхт.
Чунон фарёд кард он сарви озод,
К-аз он фарёд шоҳ омад ба фарёд.
Шаҳаншаҳ чун шунид овози Ширин,
1
Расилӣ карду шуд дамсози Ширин.
Дар он парда, ки Ширин сохтӣ соз,
Ҳамоҳангӣ-ш кардӣ шаҳ ба овоз.
Чу шахсе, к-ӯ ба кӯҳе роз гӯяд,
Бад-ӯ кӯҳ он суханро бозгӯяд.
Аз ин сӯ маҳ тарона баркашида
В-аз он сӯ шоҳ пероҳан дарида.
Чу аз сӯзи ду ошиқ оҳ бархост,
Садои мутрибон аз роҳ бархост.
Малик фармуд, то Шопур ҳолӣ
Зи ҷуз Хусрав сароро кард холӣ.
Бар он овози хиргоҳӣ пур аз ҷӯш
Суи хиргоҳ шуд бесабру беҳуш.
Даромад дарзамон Шопури ҳушёр,
Гирифташ дасту гуфто: ҷо нигаҳ дор!
Агарчи кори Хусрав мешуд аз даст,
Чу худро дастгире дид, биншаст.
Пас он гаҳ гуфт, к-ин овози дилсӯз
Чи овоз аст, розаш дар ман омӯз!
БЕРУН ОМАДАНИ ШИРИН АЗ ХИРГОҲ
Ҳикоят баргирифта шоҳу Шопур,
Ҷаҳон диданд яксар нур дар нур.
Парипайкар бурун омад зи хиргоҳ
Чунон к-аз зери абр ояд бурун моҳ.
Дар ин ҷо ба маънои ҳамроҳӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо