Ҳафтахтар Ҷилди 3

СУРУД ГУФТАНИ БОРБАД
АЗ ЗАБОНИ ХУСРАВ
Накисо чун зи шоҳ оташ барангехт,
Ситои Борбад обе бар ӯ рехт.
Ба устодӣ навое кард бар кор,
К-аз ӯ чанги Накисо шуд нагунсор.
Зи таркиби малик бурд он халалро,
Ба зерафкан фурӯ гуфт ин ғазалро:
Бибахшой, эй санам, бар узрхоҳе,
Ки сад узр оварад дар ҳар гуноҳе.
Гар аз узри ту рӯзе сар кашидам,
Басе заҳри пушаймонӣ чашидам.
Гирифтам, ҳар чи ман кардам, гуноҳ аст,
На охир оби чашмам узрхоҳ аст.
Пушаймонам зи ҳар боде, ки хӯрдам,
Гирифторам ба ҳар ғадре, ки кардам.
Қалам дар ҳарф каш беобиамро,
Шафеъ орам ба ту бехобиамро.
Аз ин пас сар зи поят барнадорам,
Сар аз хоки сароят барнадорам.
Кунам дар хонаи як чашм ҷоят,
Ба дигар чашм бӯсам хоки поят.
Сагам в-аз саг батар, пинҳон нагӯям,
Гарат ҷон аз миёни ҷон нагӯям!
Насиби ман зи ту дар ҷумла ҳастӣ
Саломе буду он дар низ бастӣ.
Агар маҳрум шуд гӯш аз саломат,
Забонро тоза медорам ба номат.
Дар ин таб гарчи барн-орам фиғоне,
Гарам пурсӣ, надорад ҳам зиёне.
Зи ту пурсиш маро уммеди хом аст,
Агар бар хотират гардам, тамом аст.
Надорӣ дил, ки оӣ бар канорам
В-агар дорӣ, ман он толеъ надорам.
Намоӣ, к-аз ғамат ғамнокам, эй ҷон,
Нагӯӣ, ман кадомин хокам, эй ҷон.
Агар ту розиӣ, к-ин дил хароб аст,
Ризои дӯстон ҷустан савоб аст.
Ту бар ман, то тавонӣ, ноз месоз,
Ки то ҷонам барояд, мекашам ноз.
Манам ошиқ, маро ғам созгор аст,
Ту маъшуқӣ, туро бо ғам чи кор аст?
Ту гар созиву гар на, ман бар онам,
Ки сӯзам дар ғамат, то метавонам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ