Ҳафтахтар Ҷилди 3

Зи мағрурӣ, ки дар сар ноз гирад,
Муроот аз раъият бозгирад.
Навиқболе барорад даст ногоҳ,
Кунад дасти дароз аз халқ кӯтоҳ.
Халоиқро чу некӯхоҳ гардад,
Ба иҷмоъи халоиқ шоҳ гардад.
Хирадмандиву шоҳӣ ҳарду дорӣ,
Сапедиву сиёҳӣ ҳарду дорӣ,
Наҷоти охиратро чорагар бош,
Дар ин манзил зи рафтан бохабар бош.
Касе, к-ӯ симу зар таркиб созад,
Қиёматро куҷо тартиб созад.
Бибин, дур аз ту шоҳоне, ки мурданд,
Зи молу мулку шоҳӣ ҳеҷ бурданд?
Бимонӣ, мол бадхоҳи ту бошад,
Бибахшӣ, шаҳнаи роҳи ту бошад.
Фурӯ хон қиссаи Дорову Ҷамшед,
Ки бо ҳар як чи бозӣ кард Хуршед!
Дар ин нуҳ парда оҳанг ончунон соз,
Ки донӣ пардаи пӯшидаро роз!..
СИФАТИ ШЕРӮЯ ВА АНҶОМИ КОРИ ХУСРАВ
Чу Хусрав тахтаи ҳикмат даромӯхт,
Ба озодӣ ҷаҳонро тахта бардӯхт,
Зи Марям буд як фарзанди хомаш,
1
Чу шерон абҳару Шерӯя номаш.
Шунидам ман, ки он фарзанди қаттол
Дар он тифлӣ, ки будаш қурби нуҳ сол,
Чу Ширинро арӯсӣ буд, мегуфт,
Ки Ширин кошкӣ будӣ маро ҷуфт!
Зи меҳраш бозгӯям ё зи кинаш,
Зи дониш ё зи давлат, ё зи динаш.
Сарои шоҳ аз ӯ пурдуд мебуд,
Бад-ӯ пайваста нохушнуд мебуд.
Бузургуммедро гуфт: эй хирадманд,
Дилам бигрифт аз ин воруна фарзанд,
Аз ин нофаррухахтар меҳаросам,
Фасоди толеашро мешиносам.
Зи бад феъле, ки дорад дар сари хеш,
Чу гург эмин нашуд бар модари хеш.
Аз ин нохуш наояд хислате х(в)аш,
Ки хокистар бувад фарзанди оташ.
Зард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо