Ҳафтахтар Ҷилди 3

Зи даргоҳи малик медид Шопур,
Ки меронад саворе бар так аз дур,
Ба афсунҳо дар он тобанда маҳтоб
Маликро бурда буд он лаҳза дар хоб.
Бурун омад суи Ширин хиромон,
Накард огаҳ касеро аз ғуломон,
Бад-ӯ гуфт: «Эй парипайкар, чи мардӣ,
Парӣ гар нестӣ, ин ҷо чи гардӣ,
Ки шер ин ҷо расад, безӯр гардад,
В-агар мор ояд ин ҷо, мӯр гардад!»
Чу гулрух дид дар Шопур, бишнохт,
Сабук худро зи Гулгун- андар андохт.
Аҷаб дармонд Шопур аз сипосаш,
Фаротар шуд, ки гардад рӯшиносаш.
Назар чун бар ҷамоли нозанин зад,
Кулаҳ бар осмон, сар бар замин зад.
Бипурсидаш, ки чун афтод ройат,
Ки моро тӯтиё шуд хоки пойат?
Парипайкар навозишҳо намудаш,
Ба лафзи модагон лахте ситудаш,
Гирифташ дасту як сӯ бурд аз он пеш,
Ҳикоят кард бо ӯ қиссаи хеш,
Аз он шӯхиву нодонӣ намудан,
Хиҷил гаштан, пушаймонӣ фузудан
В-аз он афсонаҳои хом гуфтан,
Сухан чун мурғи беҳангом гуфтан.
Намуд он гаҳ, ки чун шаҳ борагӣ ронд,
Дилам дар банди ғам якборагӣ монд,
Чунон дар кори худ бечора гаштам,
Ки манзилҳо зи ақл овора гаштам
В-аз он бечорагӣ кардам далерӣ,
Кунад вақти зарурат гӯр шерӣ.
Ту давлат бин, ки тақдири Худованд
Маро дар дасти бадхоҳе наафканд.
Чу ин бархоста бар хост омад,
Ба ҳукми ростомад рост омад.
Кунун худро зи ту бебим кардам,
Беҳомадро ба ту таслим кардам.
Ду ҳоҷат дораму дар банди онам,
Баровар, з-он ки ҳоҷатманди онам:
Яке, чун шаҳ тарабро нӯш гирад,
Ҷаҳон овози нӯшонӯш гирад,
Маро дар гӯшае танҳо нишонӣ,
Нагӯӣ рози ман шаҳро ниҳонӣ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё