Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бад-ин ваъда маликро шод мекард,
Харобиро ба рифқ обод мекард,
Зи давлат бар рухи шаҳ хол мезад,
Чу ахтар мегузашт, ӯ фол мезад.

ПУШАЙМОН ШУДАНИ ШИРИН
АЗ РАФТАНИ ХУСРАВ

Ҳамон соҳибсухан - пири куҳансол
Чунин огоҳ кард аз сурати ҳол,
Ки чун бе шоҳ шуд Ширини дилтанг,
Ба дил бармезад аз сангиндилӣ санг.
Зи мижгон хуни беандоза мерехт,
Ба ҳар навҳа сиришке тоза мерехт.
Чу мурғе нимкушт афтону хезон,
Зи наргис бар суман симобрезон.
Мижа бар наргисони маст мезад,
Зи дасти дил ба сар-бар даст мезад.
Ҳаворо ташна кард аз оҳи бирён,
Заминро об дод аз чашми гирён.
На дасти он, ки ғамро пой дорад,
На ҷои он, ки дил бар ҷой дорад.
Чу аз бетоқатӣ шӯридадил шуд,
Аз ин густохрӯиҳо хиҷил шуд.
Ба Гулгун баркашид он тангдил танг,
Фарас гулгуну оби дида гулранг.
Бурун омад бар он рахши хуҷаста.
Чу обе бар сари оташ нишаста.
Раҳе борик чун паргори абрӯ-ш,
Шабе торик чун зулмоти гесӯ-ш.
Таковар бар раҳи борик меронд,
Худоро дар шаби торик мехонд.
Ҷаҳонпаймояш аз гетинавардӣ
Гарав бурда зи чархи лоҷвардӣ.
Ба оини ғуломон роҳ бардошт,
Пайи Шабдизи шоҳаншоҳ бардошт.
Ба ҳар гоме, ки Гулгунаш гузар кард,
Ба гулгуноби дида хок тар кард.
Ҳамешуд то ба лашкаргоҳи Хусрав,
Ҷанибат ронд то хиргоҳи Хусрав.
Забони посбонон дид баста,
Ҳамоилҳои сарҳангон гусаста.
Ҳама афюнхури маҳтоб гашта,
Зи по афтода, масти хоб гашта.
Ба ҳам бар шуд бар он наззора кардан,
Намедонист худро чора кардан.

пешина
аз 349
навбатӣ