Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Кадомин гул бувад бе заҳмати хор,
Кадомин хат бувад бе захми паргор?
Зи хубон тавсанӣ расми қадим аст,
Чу мор обӣ бувад, захмаш салим аст.
Раҳоӣ хоҳӣ аз селоби андӯҳ,
Қадамбарҷой бояд буд чун кӯҳ.
Гар аз ҳар бод чун коҳе биларзӣ,
Агар кӯҳе шавӣ, коҳе наарзӣ.
Беҳ, ар комат ба нокомӣ барояд,
Ки бӯи анбар аз хомӣ барояд.
Бар он маҳ турктозӣ кард натвон,
Ки бар маҳ дастёзӣ кард натвон.
Зан аст, охир, дар андар банду маштоб,
Ки аз равзан фуруд ояд чу маҳтоб.
Магар моҳу зан аз як фан дароянд,
Ки чун дар бандӣ, аз равзан дароянд.
Чи пиндорӣ, ки ӯ з-ин ғусса дур аст,
На дур аст ӯ, вале, донам, сабур аст.
Гар аз қӯҳи ҷафо санге дарафтад,
Туро бар соя, ӯро бар сар афтад
В-агар хоре зи ваҳшат ҳосил ояд,
Туро бар доман, ӯро бар дил ояд.
Як имшабро сабурӣ кард бояд,
Шаб обистан бувад, то худ чи зояд.
Надорад ҷовидон толеъ яке хӯй,
Намонад об доим дар яке ҷӯй.
Ҳамасола набошад комгорӣ,
Гаҳе бошад азизӣ, гоҳ хорӣ.
Ба ҳар нозе, ки бар давлат кунад бахт,
Набояд давлатиро доштан сахт.
Куҷо паргор гардишсоз гардад,
Ба гардишгоҳи аввал бозгардад.
1
Ҳар он роиз, ки ӯ тавсан кунад ром,
Кунад оҳистагӣ бо курраи хом.
Ба сабраш оқибат ҷое расонад,
Ки бар вай ҳар киро хоҳад, нишонад.
Ба сабр аз банд гардад мард раста,
Ки сабр омад калиди кори баста.
Кушояд банд, чун душвор гардад,
Бихандад субҳ, чун шаб тор гардад.
Умедам ҳаст, к-ин сахтӣ сар ояд,
Муроди шаҳ бад-ин зудӣ барояд, -

Ромкунандаи аспон.

пешина
аз 349
навбатӣ