Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агарчи васли Ширин бенамак нест
В-аз ӯ ширинтаре зери фалак нест,
Маро пайванди ӯ хорӣ наарзад,
Намак хӯрдан ҷигархорӣ наарзад.
Ба зери пои пилон-дар шудан паст,
Беҳ аз пеши хасисон доштан даст.
Ба об-андар шудан ғарқа чу моҳӣ,
Аз он беҳ, к-аз вазағ зинҳор хоҳӣ.
Ба нохун санг баркандан зи куҳсор
Беҳ аз ҳоҷат ба назди носазовор.
Ҳама кас дур дар оби пок ёбад,
Касе, к-ӯ хок ҷӯяд, хок ёбад.
Чаро дар сангреза кон канам, кон,
Чи бе равғанчароғе ҷон канам, ҷон,
Чи бояд мулки ҷон додан ба шӯхе,
Ки наншинад калоғаш бар кулӯхе.
Маро чун ман касе бояд баномус,
Ки бошад ҳамсари товус товус!
ПОСУХИ ШОПУР БА ХУСРАВ
Нахустин хокро бӯсид Шопур,
Пас он гаҳ зад бар оташ оби кофур,
К-аз ин тундӣ набояд тез будан,
Ҷавонмардист узрангез будан.
Ситези ошиқон чун барқ бошад,
Миёни нозу ваҳшат фарқ бошад.
Агар гарм аст Ширин, ҳаст маъзур,
Ки ширинӣ ба гармӣ ҳаст машҳур.
На Ширин худ, ҳама хурмодаҳоне
Надорад луқмае беустухоне.
Гарат сар гардад аз сафрои Ширин,
Зи сар берун макун савдои Ширин.
Магар Ширин аз ин сафро хабар дошт,
Ки чандон сирка дар зери шакар дошт.
Чу шириниву туршӣ ҳаст дар кор,
Аз ин сафрову савдо даст магзор.
Аҷаб, н-ояд зи хубон зудсерӣ
Чунон, к-аз саг – сагӣ в-аз шер – шерӣ.
Шаба бо дур бувад, одат чунин аст,
Калиди ганҷи заррин оҳанин аст.
Ба ҷавр аз некувон натвон буридан,
Бибояд нози маъшуқон кашидан.
Ҳама хубон чунин бошанд бадхӯй,
Арӯсе кай бувад берангу бебӯй?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё