Ҳафтахтар Ҷилди 3

Дилаш додӣ, ки Ширин меҳрубон аст,
Бад-ин талхӣ мабин, к-аш дар забон аст.
Агар Ширин сари пайкор дорад,
Рутаб донӣ, ки сар бар хор дорад.
Макун савдо, ки Ширин хашм резад,
Зи ширинӣ ба ҷуз сафро чи хезад?
Маранҷ аз гармии Ширини ранҷур,
Ки ширинӣ ба гармӣ ҳаст машҳур.
Малик чун ҷой холӣ дид аз ағёр,
Шикоят кард бо Шопур бисёр,
Ки дидӣ, то чи рафт имрӯз бо ман,
Чи кард он шӯхи оламсӯз бо ман?
Чи бешармӣ намуд он нохудотарс,
Чу зан гуфтӣ, куҷо шарму куҷо тарс!
Кулаҳ чун норван пешаш ниҳодам,
Ба истиғфор чун сарв истодам.
Табар бар норван густох мезад,
1
Ба даҳра сарвбунро шох мезад.
На з-он сармо навозиш гарм гашташ,
На дил з-он сахтрӯӣ нарм гашташ,
Забонаш сар ба сар тиру табар буд,
Якояк узраш аз ҷурмаш батар буд.
Бале, тезӣ намояд ёр бо ёр,
На то ин ҳад, ки бошад хор бо хор.
Зи тезӣ низ ман дорам нишоне,
Маро дар колбад ҳам ҳаст ҷоне.
Агар Ҳорути Бобил шуд ҷамолаш,
В-агар сарбобили ҳиндуст холаш,
Зи бас сардӣ, ки чун ях шуд сириштам,
Фусуни ҳар дуро бар ях навиштам.
Ғамашро, к-аз шикебоӣ фузун аст,
Мани ғамхора медонам, ки чун аст.
Сиришти тифли бадро доя донад,
Бади ҳамсояро ҳамсоя донад.
Маро ӯ душмане омад ниҳонӣ,
Нуҳуфта кину зоҳир меҳрубонӣ.
Чи хоҳиш, к-он накардам дӯш бо ӯ,
Напазруфту ҷудо шуд ҳуш бо ӯ.
Суханҳои хуш аз ҳар расму роҳе
Бигуфтам солеву нашнид моҳе.
Шаб омад, рӯшноӣ ҳам набахшид,
Шикасту мӯмиёӣ ҳам набахшид.
Шамшери кӯчаки дудама.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё