Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зи ҳар сӯ қатраҳои барфу борон
Шуда боранда чун абри баҳорон,
Зи ҳайбат кӯҳ чун гил мегузорид,
Зи барф арзиз бар дил мегузорид.
Ба зери Хусрав аз барфи дирамрез
Ниқоби нуқра баста хинги Шабдиз.
Забонаш мӯй шуд в-аз ҳеҷ рӯе
Ба мушкинмӯй дарнагрифт мӯе.
Басе нолид, то раҳмат кунад ёр,
Ба сад фурсат нашуд як нукта бар кор.
Нафираш гарчи ҳар дам тезтар буд,
Ҷавобаш ҳар замон хунрезтар буд.
Чу посе аз шаби дайҷур бигзашт,
Аз он дар шоҳ дилранҷур бигзашт,
Фарас меронд чун беморхезон
Зи дида бар фарас хуноб резон.
Сар аз пас монда мешуд бо дили реш,
Раҳе бе хештан бигрифта дар пеш.
На пои он ки ронад аспро тез,
На дасти он ки буррад пои Шабдиз.
Сиришку оҳро раҳтӯша баста,
Зи марворид бар гул хӯша баста.
Дар ин ҳасрат, ки оваҳ, гар дар ин роҳ
Падидор омадӣ ё кӯҳ ё чоҳ,
Магар будӣ дирангамро баҳона,
Бимондӣ рахтам ин ҷо ҷовидона.
Гаҳе мезад зи тундӣ даст бар даст,
Гаҳе дасторча бар дида мебаст.
Чу омад сӯи лашкаргоҳ навмед,
Дилаш месӯхт аз гармӣ чу хуршед.
Дарид абри сиёҳ аз рӯи гулшан,
Баромад моҳтобе сахт равшан.
Шаҳаншаҳ навбате бар чарх пайваст,
Канори навбатиро шиққа барбаст.
На аз дил дар ҷаҳон наззора мекард,
Ба ҷои ҷома дилро пора мекард.
Ба осоиш намудан сар намедошт,
Сар аз зонуи ҳасрат барнамедошт.
Надиму ҳоҷибу ҷондору дастур
Ҳама рафтанду Хусрав монду Шопур.
Ба санъат ҳар дам он устоди наққош
Ба ӯ нақши тараб бастӣ, ки хуш бош,
Задӣ бар оташи сӯзони ӯ об,
Ба рӯяш-дар бихандидӣ чу маҳтоб.

пешина
аз 349
навбатӣ