Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чу номи ман ба ширинӣ барояд,
Агар гуфтори ман талх аст, шояд.
Ду ширинӣ куҷо бошад ба ҳам нағз,
Рутаб бо устухон беҳ, ҷавз бо мағз.
Дуруштӣ карданам н-аз хорпуштист,
Басо нармӣ, ки дар зери дуруштист,
Гуҳар дар сангу хурмо ҳаст дар хор
В-аз ин сон дар харобӣ ганҷ бисёр.
Таҳаммулро ба худ кун раҳнамунӣ
На чандине, ки бор орад забунӣ.
Забунӣ, к-он зи ҳад берун тавон кард,
Ҷуҳудӣ шуд, ҷуҳудӣ чун тавон кард?
Чу хар гӯш афканад дар бурдборӣ,
Кунад ҳар кӯдаке бар вай саворӣ.
Чу шоҳин бозмонад аз паридан,
Зи гунҷишкаш лагад бояд чашидан.
Шутур, к-аз ҳам ҷудо гардад қатораш,
Зи хомӯшӣ кашад муше маҳораш.
Касе, к-ӯ ҷанги шерон озмояд,
Чу шер он беҳ, ки дандоне намояд.
Сагон вақте ки ваҳшатсоз гарданд,
Зи якдигар ба дандон бозгарданд.
Пас он гаҳ бар забон овард савганд:
Ба ҳуши зираку ҷони хирадманд,
Ба қадри гунбади пирӯза гулшан,
Ба нури чашмаи хуршеди равшан,
Ба ҳар нақше, ки дар фирдавси пок аст,
Ба ҳар ҳарфе, ки дар маншури хок аст,
Бад-он зинда, ки ӯ ҳаргиз намирад,
Ба бедоре, ки хоб ӯро нагирад,
Ба дорое, ки танҳоро хуриш дод,
Ба маъбуде, ки ҷонро парвариш дод,
Ки бе ковин агарчи подшоҳӣ,
Зи ман барн-оядат коме, ки хоҳӣ!
Бад-ин тундӣ зи Хусрав рӯй бартофт,
Зи даст афканд ганҷеро, ки дарёфт.

БОЗГАШТАНИ ХУСРАВ АЗ ҚАСРИ ШИРИН

Шабоҳангом, к-оҳуи Хутангард
Зи нофи мушки худ худро расан кард,
Ҳазор оҳубара, лабҳо пур аз шир,
Бар ин сабза шуданд оромгаҳгир.
Малик, чун оҳуи нофадарида,
Итоби ёри оҳучашм дида,

пешина
аз 349
навбатӣ