Ҳафтахтар Ҷилди 3

Маро селоби меҳнат дар ба дар кард,
Ту рахти хештан баргиру баргард.
Ман, инак, мондаам дар оташи тез,
Ту дар ман бину ибрат гиру бигрез.
Ҳаво кофурбезӣ менамояд,
Ҳавои мо агар сард аст, шояд.
Чу абр аз шӯрбахтӣ шуд намакбор,
Дил аз Ширини шӯрангез бардор.
Ҳаводорӣ макун шабро чу хаффош,
Чу бози ҷурраи хур рӯзрав бош.
Шуд он афсонаҳо, к-аз ман шунидӣ,
Гузашт он меҳрубониҳо, ки дидӣ.
Шаире з-он шиори нав намондаст
В-агар тозӣ надонӣ, ҷав намондаст.
На он туркам, ки ман тозӣ надонам,
Шиканкориву таннозӣ надонам.
Фалакро танзгаҳ кӯи ман омад,
Шикан худ кори гесӯи ман омад.
Дилат гар мурғ бошад, пар нагирад,
Дамат гар субҳ бошад, дарнагирад.
Агар сад хоби Юсуф дорӣ аз бар,
Ҳамониву ҳамон Исиву бас хар!
Гар он гаҳ мезадӣ як ҳарба чун меғ,
Чу субҳ акнун дудастӣ мезанӣ теғ.
12
Будӣ дайлам, киёӣ баргузидӣ,
Табар бифрӯхтӣ, зубин харидӣ.
Бирав, к-аз ҳеҷ кӯе дарнагунҷӣ,
Агар мӯӣ, ки мӯе дарнагунҷӣ.
Ба зӯру зарқи касбандешии худ
Нашояд хӯрд беш аз рӯзии худ.
Гиреҳ бар сина зан, бе ранҷ махрӯш,
Адаб кун ишваро, яъне, ки хомӯш!
Ҳалолӣ хӯр чу бозони шикорӣ,
Макун чун каргасон мурдорхорӣ.
Маро Ширин аз он хонанд пайваст,
Ки бозиҳои ширин орам аз даст,
Якеро талхтар гирёнам аз ҷом,
Якеро айш хуштар дорам аз ном.
Гулобам, гар кунам талхӣ, чи бок аст,
Гулоб он беҳ, ки ӯ худ талхнок аст.
Набизе қотилам, бигзорам аз даст,
Ки аз бӯям бимонӣ солҳо маст.
1 Тоифаи маъруф, авлоди саҳобаи Пайғамбар Фирӯз ибни Дайлам; тоифае, ки падараш турку модараш ҳабаш бошад; маҷозан мӯҷингила.
Паҳлавонӣ; покӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё