Ҳафтахтар Ҷилди 3

Нахустин гуфт, к-эй шоҳи ҷавонбахт,
Ба ту ороста ҳам тоҷу ҳам тахт,
Ба нерӯи ту ҳар бадхоҳ пайваст,
Аламро пой доду теғро даст,
Ба болои ту давлатро қабо ҷуст,
Ба бозӯи ту гардунро камон суст,
Зи ёрат бахт бод, аз бахт ёрӣ,
Ки пуштивони пушти рӯзгорӣ!
Пас он гаҳ тунд шуд чун кӯҳи оташ,
Ба Хусрав гуфт, к-эй солори саркаш,
Ту шоҳӣ, рав, ки шаҳро ишқбозӣ
Такаллуф кардане бошад маҷозӣ.
Набошад ошиқӣ ҷуз кори он кас,
Ки маъшуқе-ш бошад дар ҷаҳон, бас.
Мазан таъна маро дар ишқи Фарҳод,
Ба некӣ кун ғарибе мурдаро ёд.
Маро Фарҳод бо он меҳрубонӣ
Бародархондае буд онҷаҳонӣ.
На як соат ба ман-дар тез дида,
На аз Ширин ҷуз овозе шунида.
Бад-он талхӣ, ки Ширин кард рӯзаш,
Чу уди талх ширин буд сӯзаш.
Аз ӯ дидам ҳазор озарми дилсӯз,
Ки нашнидам паёме аз ту як рӯз.
Маро хоре, ки гул бошад бар он хор
Беҳ аз сарве, ки ҳаргиз н-оварад бор.
Зи оҳан зери сар кардан сутунам,
Беҳ аз заррин камар бастан ба хунам.
Мисе, к-аз вай маро дастина созанд,
Беҳ аз симе, ки дар дастам гудозанд.
Чароғе, к-ӯ шабамро барфурӯзад,
Беҳ аз шамъе, ки рахтамро бисӯзад.
Бувад ошиқ чу дарё санг дар бар,
Манам чун кӯҳ доим санг бар сар.
Ба зиндон монда чун оҳан дар ин санг,
Дил аз шодиву даст аз дӯстон танг.
Мабодо тангдилро тангдастӣ,
Ки бо девонагӣ саъб аст мастӣ.
Чу мастӣ дораму девонагӣ ҳаст,
Ҳарифӣ н-ояд аз девонаи маст.
Қалам даркаш ба ҳарфи дастсоям,
Ки дасти ҳарфгиронро нашоям.
Ҳамон ангор, к-омад тундбоде,
Зи боғат бурд барге бомдоде,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё