Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

На ҳар ошиқ, ки ёбӣ, маст бошад,
На ҳар, к-аз даст шуд, з-он даст бошад.
Гаҳе бо ман ба сулҳу гаҳ ба ҷангӣ,
Худо тавба диҳодат з-ин дурангӣ.
Сапедӣ кун, ҳақиқат, ё сиёҳӣ,
Ки набвад мормоҳӣ мору моҳӣ.
Шудӣ бадхӯ, надонам, к-ин чи кин аст,
Магар, к-оини маъшуқон чунин аст?
Маро то беш ранҷонӣ, ки хомӯш,
Чу дарё бештар пайдо кунам ҷӯш,
Туро то пештар гӯям, ки биштоб,
Шавӣ пастар чу шогирди расантоб.
Мазан чандин ҷароҳат бар дили танг,
Дил аст ин, дил, на пӯлод асту на санг,
Ба коми душманам кардӣ, на некӯст,
Ки бад корест душманкомӣ, эй дӯст.
Бидеҳ як ваъда чун гуфтори ман рост,
Макун чандин каҷӣ дар кори ман рост,
Ба рағми душманон бинвоз моро,
Ниҳон месӯзу месоз ошкоро.
Ба шӯр ангехтан чандин макун зӯр,
Ки ширин талх гардад, чун шавад шӯр.
Бикун чарбӣ, ки ширинӣ-т ёр аст,
Ки ширинӣ ба чарбӣ созгор аст.
Туро дар абр меҷустам чу маҳтоб,
Кунунат ёфтам чун абри беоб.
Чароғе оламафрӯзанда будӣ,
Чу дар даст омадӣ, сӯзанда будӣ.
Гуле дидам зи дурат сурху дилкаш,
Чу наздик омадӣ, худ будӣ оташ.
Итоб аз ҳад гузашта ҷанг бошад,
Замин чун сахт гардад, санг бошад.
На ҳар теғе бувад бо захм ҳампушт,
На яксон рӯяд аз дасте даҳ ангушт.
Тавонам ман, к-аз ин ҷо бозгардам,
Беҳ аз ту бо касе дамсоз гардам,
Валекин ҳаққи хидмат мегузорам,
Назар бар суҳбати дерина дорам.

ПОСУХ ДОДАНИ ШИРИН ХУСРАВРО

Иҷозат дод Ширин боз лабро,
Ки дар гуфт оварад ширин рутабро.
Ақиқ аз тораки луълӯ барангехт,
Гуҳар мебасту марворид мерехт.

пешина
аз 349
навбатӣ