Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бад-он то лаҳву нозашро бибинам,
Ҷамоли ҷоннавозашро бибинам.
Дувум ҳоҷат, ки гар ёбад ба ман роҳ,
Ба ковин сӯи ман бинад шаҳаншоҳ.
Гар ин маънӣ ба ҷой овард хоҳӣ,
Бикун тартиб, то монад сиёҳӣ,
В-агарна то раҳи худ пеш гирам,
Сари хешу сарои хеш гирам!
Чу равшан гашт бар Шопур кораш,
Ба сад савганд шуд пазруфтгораш.
Бар охур баст Гулгунро чу Шабдиз,
Дар айвон бурд Ширинро чу Парвез.
Ду хиргаҳ доштӣ Хусрав муҳайё,

Баромудаба гавҳар чун Сурайё.
Яке зоҳир зи баҳри бода хӯрдан,
Яке пинҳон зи баҳри хоб кардан.
Парирухро ба сони пораи нур
Суи он хобгоҳ овард Шопур,
Гирифташ дасту биншондаш бар он даст,
Бурун омад, дари хиргаҳ фурӯ баст.
Ба болини шаҳ омад дилкушода,
Ба хидмат кардани шаҳ дил ниҳода.
Замоне тавф мезад гирди гулшан,
Замоне шамъро мекард равшан.

ХОБ ДИДАНИ ХУСРАВ ВА ТАЪБИРИ ШОПУР

Зи хоби хуш дар омад ногаҳон шоҳ,
Ҷабин афрӯхта чун бар фалак моҳ.
Ситоиш кард бар Шопур бисёр,
Ки эй ман хуфтаву бахтам - ту бедор.
Ба иқболи ту хобе хуб дидам,
К-аз ин шодӣ ба гардун сар кашидам.
Чунон дидам, ки андар паҳнбоғе,
Ба даст овардаам равшанчароғе.
Чароғамро ба нури шамъу маҳтоб
Бикун таъбир, то чун бошад ин хоб?
Ба таъбираш забон бикшод Шопур,
Ки чашмат равшанӣ ёбад бад-он нур,
Ба рӯз орад Худой ин тирашабро,
Бигирӣ дар канор он нӯшлабро.
Бад-ин мужда биё, то бода нӯшем,
Заминро кимиёи лаъл пӯшем.
Биороем фардо маҷлисе нав,
Ба бода солхурду наргисе нав.

пешина
аз 349
навбатӣ