Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба нахчир омадан бо чатри заррин,
Ниҳодан миннате бар қасри Ширин.
Набошад подшоҳеро газанде,
Задан бар мустаманде ришханде.
Ба сайд-андар саге тавфир кардан,
Ба тавфир оҳуе нахчир кардан.
Чу ман ганҷе, ки муҳрам хок нашкаст,
Ба сардастӣ наоям бар сари даст.
Ту з-ин бозичаҳо бисёр донӣ
В-аз ин афсонаҳо бисёр хонӣ.
Хилоф он шуд, ки бо ман дарнагирад,
Гул орад бед, лекин бар нагирад.
Ту он рӯдӣ, ки поёнат надонам,
Чу дарё рози пинҳонат надонам.
1
Ман он хоничаам, к-обам аён аст,
Ҳар он ч-ам дар дил ояд, бар забон аст.
Касе дар дил чу дарё кина дорад,
Ки дандон чун садаф дар сина дорад.
Ҳарифе чарб шуд ширин бар ин бом,
К-аз ин чарбиву ширинӣ шавад ром?
Шакаргуфториатро чун ниюшам,
Ки ман худ шаҳду шаккар мефурӯшам!
Забоне тез мебинам, дигар ҳеҷ,
Ҷигарсӯзиву ҷуз сӯзи ҷигар ҳеҷ!
Сухан то кай зи тоҷу тахт гӯӣ,
Нагӯӣ сахта, аммо сахт гӯӣ.
Суханро талх гуфтан талхроист,
Ки ҳар касро дар ин ғор аждаҳоест.
Сухан бо ту нагӯям, то насанҷам,
Насанҷида магӯ, то ман наранҷам.
Қарори корҳо дер уфтад, дер,
Ки ман оина бардорам, ту шамшер.
Сухан дар неку бад дорад басе рӯй,
Миёни неку бад бошад яке мӯй.
Дар ин маҳмил касе хушдил нишинад,
Ки чашми зоғ пеш аз пас бибинад.
Сару санг аст ному нанг, зинҳор,
Мазан бар обгина санг, зинҳор.
Сухан то чанд гӯӣ аз сари даст,
Ҳамоно ҳам ту мастӣ, ҳам сухан маст.
Сухан, к-он аз димоғи ҳушманд аст,
Гар аз таҳтуссуро ояд, баланд аст.

Ҳавзи кӯчак.

пешина
аз 349
навбатӣ