Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамин бозӣ кунам бо зулфу холат,
Ки бо ман мекунад ҳар шаб хаёлат.
Чи кор афтода, к-ин коруфтода
Бад-ин дар монда, чун бахт истода.
На бӯи шафқате дар сина дорӣ,
На ҳаққи суҳбати дерина дорӣ.
Гилеми хештанро ҳар кас аз об
Тавонад баркашид, эй дӯст, маштоб.
Чу дурат бинам аз дамсоз гаштан,
Раҳам наздик шуд дар бозгаштан.
Агар хоҳӣ, ҳисобамро дигар кун,
Раҳи наздикро наздиктар кун.
Гиреҳ бикшой з-абрӯи ҳилолӣ,
Хазина пургуҳар кун, хона холӣ.
Нахоҳӣ, к-ориям дар хонаи хеш,
Муборак бод, гирам роҳ дар пеш.
Бад-он раҳ, к-омадам, донам шудан боз,
Чунон, к-аввал задам, донам задан соз.
Ба доруи фаромӯшӣ кашам даст,
Ба ёди соқии дигар шавам маст.
Ба ҷуллоби дигар нӯшин кунам ҷом,
Ба ҳалвои дигар ширин кунам ком.
Зи Ширин меҳр бардорам дигар бор,
Шакарноме ба чанг орам шакарбор.
Набиди талх бо ӯ мекунам нӯш,
Зи талхиҳои Ширин кар кунам гӯш.
Дилам дар бозгаштан чорасоз аст,
Сухан кӯтоҳ шуд, манзил дароз аст.

ПОСУХ ДОДАНИ ШИРИН ХУСРАВРО

Ба хидмат шамсаи хубони Халлух
Заминро бӯса доду дод посух,
Ки доим, шаҳриёро, комрон бош,
Ба соҳибдавлатӣ соҳибқирон бош,
Мабодо бе ту ҳафт иқлимро нур,
Ғубори чашмзахм аз давлатат дур,
Ҳазорат ҳоҷат аз шоҳӣ раво бод,
Ҳазорат сол дар шоҳӣ бақо бод.
Касе, к-ӯ бода бар ёдат кунад нӯш,
Гар он кас худ манам, бодат дар оғӯш.
Бас аст ин заҳри шаккаргун фишондан,
Бар афсунхондае афсона хондан,
Суханҳои фусуномез гуфтан,
Ҳикоятҳои бодангез гуфтан,

пешина
аз 349
навбатӣ