Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҷаҳонро чун ману чун ту басе буд,
Бувад бо мо муқим, ар бо касе буд.
Аз ин дарвоза, к-ӯ болову зер аст,
Нахондастӣ, ки то дер аст, дер аст.
Фиреби дил бас аст, эй дилфиребам,
Навозиш кун, ки аз ҳад шуд шикебам.
Бисоз, эй дӯст, корамро, ки вақт аст,
Зи сар биншон хуморамро, ки вақт аст.
Бас аст ин тоқи абрӯ нокушодан,
1
Ба тоқӣ бо нитоқе во ниҳодан,
Дари Фархор бар Фағфур бастан,
Ба Ҷӯи Мӯлиён-бар пул шикастан.
Ғами олам чаро бар худ ниҳодӣ,
Раҳо кун ғам, ки омад вақти шодӣ.
Ба рӯзи абр ғам хӯрдан савоб аст,
Ту шодӣ кун, ки имрӯз офтоб аст.
Шабехун бар шикаста чанд созӣ,
Гирифта бо гирифта чанд бозӣ,
На дониш бошад он касро, на фарҳанг,
Ки вақти оштӣ пеш оварад ҷанг.
Хирадманде, ки дар ҷанге ниҳад пой,
Бимонад оштиро дар миён ҷой.
Дар ин ҷанг оштирангӣ барангез,
Замоне тоза шав, то кай шавӣ тез?
Ба рӯи дӯстон маҷлис барафрӯз,
Ки то равшан шавад ҳам чашму ҳам рӯз.
Ба бустон омадам, то мева чинам,
Манеҳ хору хасак дар остинам.
Зи чашму лаб дар ин бустони пидром
Гаҳе шаккар кушоӣ, гоҳ бодом.
Дар ин бустон маро гӯ, хезу бистон
Турунҷи ғабғабу норинҷи пистон.
Синони хашму тири таъна то чанд,
На ҷанг аст ин, дари пайкор дарбанд!
Ту, эй оҳусурин, н-аз баҳри ҷангӣ,
Раҳо кун бар дадон хӯи палангӣ.
Фуруд ой аз сари ин кибру ин ноз,
Фурудовардаи худро маяндоз.
Дарандеш, арчи кабке нозанин аст,
Ки шоҳиневу шоҳе дар камин аст.
Ҳам охир дар канори пастам афтӣ,
Ба даст оиву ҳам дар дастам афтӣ.

Камарбанд.

пешина
аз 349
навбатӣ