Ҳафтахтар Ҷилди 3

Сухангӯ чун сухан бехуд нагӯяд,
Агар ҷуз бад нагӯяд, бад нагӯяд.
Сухан бояд, ки бомеъёр бошад,
Ки пур гуфтан харонро бор бошад.
Яке з-ин сад, ки мегӯӣ раҳиро,
Нагӯяд мутрибе лашкаргаҳиро.
Агар гардӣ ба дарди сар кашидан,
Зи ту гуфтан, зи ман як-як шунидан.
Гарат бояд ба як пӯшида пайғом,
Баровардан тавонӣ сад чунин ком.
Арӯсеро чу ман кардӣ ҳисорӣ,
Пас аз олам арӯсе чашм дорӣ.
Бибин дар ашки марворидпӯшам,
Макун бозӣ ба марвориди гӯшам.
Ба оҳи анбаринам бин, ки чун аст,
1
Ки уқди анбаринам пур зи хун аст.
Лаби чун нордонам бин, чи хурд аст,
Ки норамро зи бустон дузд бурдаст.
Магар бар фундуқи дастам занӣ санг,
Ки унноби лабам дорад диле танг.
Муборакрӯям, аммо дар иморӣ,
Муборак бодам ин парҳезгорӣ!
Макун густохӣ, аз чашмам бипарҳез,
Ки дар ҳар ғамза дорад дашнаи тез.
Ҳар он мӯе, ки дар зулфам нуҳуфтаст,
Бар ӯ море сияҳ чун қир хуфтаст.
Туро бо ман дами хуш дар нагирад,
Ба қандили ях оташ дарнагирад.
Ба тамъи ин расан дар чаҳ наафтам,
Ба ҳирси ин шикор аз раҳ наафтам.
Дилат бисёр гум мегардад аз роҳ,
Дар ӯ занге бибояд бастан аз оҳ.
Набинӣ, занг дар ҳар корвоне
Зи баҳри пос медорад фиғоне.
Саҳар то корвон н-орад шабоҳанг,
Набандад ҳеҷ мурғе дар гулӯ занг.
Ғалат ронӣ, ки заҳмат мутлақ афтод,
Бар адҳам мезадӣ, бар аблақ афтод.
Ба Ҳиндустон ҷанибат медавондӣ,
Ғалат шуд раҳ, ба Бобил бозмондӣ.
Ба дарё мешудӣ, дар Шат нишастӣ,
Ба гул рағбат намудӣ, лола бастӣ.
Гираҳ, баста.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё