Ҳафтахтар Ҷилди 3

Валинеъмат раёҳинро насимам,
Валиаҳди шакар дурри ятимам.
Чароғ аз нури ман парвона гардад,
Маҳи нав бинадам, девона гардад.
Ақиқ аз лаъли ман бар сар хурад санг,
Гули рӯям зи рӯи гул барад ранг.
Турунҷи ғабғабамро гар кунӣ ёд,
Занах бар худ занад норинҷи Бағдод.
Чу себи рух ниҳам бар дасти шоҳон,
Сабад вопас барад себи Сипоҳон.
Ба ҳар дур, к-аз лабу дандон бибахшам,
Диле бистонаму сад ҷон бибахшам.
Ман орам дар палангон сарфарозӣ,
Ғизолон аз ман омӯзанд бозӣ.
Гавазн аз ҳасрати ин чашми чолок
Зи мижгон заҳр полояд, на тарёк.
Гар оҳу як назар сӯи ман орад,
Хироҷи гарданам бар гардан орад.
Ба нозе Румро дар ҷустуҷӯям,
Ба бӯе бо Хутан дар гуфтугӯям.
Баҳор ангушткаш шуд дар накӯӣ,
Ҳар ангуштам дусад чун ӯст, гӯӣ.
Бад-ин таррӣ, ки дорад табъи маҳтоб,
Наёрад рехтан бар дасти ман об.
Чу ёқутам набизи хом гирад,
Ба ришват бо табарзад ҷом гирад.
Биҳишт аз қасри ман дорад басе нур,
Иёр аз нори пистонам барад ҳур.
Ба ғамза гарчи турке дилситонам,
Ба бӯса дилнавозӣ низ донам.
Зибас к-овардаам дар чашмҳо нур,
Зи туркон тангчашмӣ кардаам дур.
Зи тангӣ кас ба чашмам дарнаояд,
Касе бо тангчашмон барнаояд.
Чу бар маҳ зулфро занҷир созам,
Басо шеро, к-аз ӯ нахчир созам.
Чу лаълам бо шакар новард гирад,
Ту мард ор он гаҳе, то мард гирад.
Шакар ҳамшираи дандони ман шуд,
Вафо ҳамшаҳрии паймони ман шуд.
Ҷаҳоне ноз дорад, сад ҷаҳон шарм,
Даре дар хашм дорад, сад дар озарм.
Лаби лаълам ҳамон шаккарфишон аст,
Сари зулфам ҳамон доманкашон аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё