Ҳафтахтар Ҷилди 3

Ниёз орад касе, к-ӯ ишқбоз аст,
Ки ишқ аз бениёзон бениёз аст.
Насозад ошиқӣ бо сарфарозӣ,
Ки бозӣ барнатобад ишқбозӣ.
Ман он мурғам, ки бар гулҳо паридам,
Ҳавои гарми тобистон надидам.
1
Чу гул будам маликбонуи Сақлоб,
Кунун дижбонуи шиша-м чу ҷуллоб.
Чу сабза лаб ба шири барф шустам,
Чу гул бар чашмаҳои сард рустам.
Дар ин гӯри гилину қасри сангин
Ба уммеди ту кардам сабр чандин.
Чу зар полудам аз гармӣ кашидан,
Фусурдам чун ях аз сардӣ чашидан.
На дасте, к-ин ҷарас барҳам тавон зад,
На ғамхоре, ки бо ӯ дам тавон зад.
Ҳама вақте туро пиндоштам ёр,
Ҳама ҷое туро хондам вафодор,
Ту ҳаргиз дар дилам ҷое накардӣ,
Чу дилдорон мадорое накардӣ.
Маро дигар зи куштан кай бувад бим,
Ки ҷон кардам ба шамшери ту таслим.
Тарозу бар замин чун ёбад оҳанг,
Ҳисобаш хок беҳтар донад аз санг.
Гарам ақле бувад, ҷое нишинам,
Вагарна бинам аз худ, он чи бинам.
Гар аз ман худ наояд ҳеҷ коре,
Ки баршояд гирифт аз вай шуморе,
Занам чандон тазаллум дар замона,
Ки ҳам тире нишонам бар нишона.
Чаро бояд, ки чун ман сарви озод
Бувад дар банди меҳнат монда ношод?
Ҳанӯзам дар дил аз хубӣ тарабҳост,
Ҳанӯзам дар сар аз шӯхӣ шағабҳост.
Ҳанӯзам ҳиндувон оташпарастанд,
Ҳанӯзам чашм чун туркони мастанд.
Ҳанӯзам ғунчаи гул ношукуфта-ст,
Ҳанӯзам дурри дарёӣ насуфта-ст.
Ҳанӯзам лаб пуроби зиндагонист,
Ҳанӯзам об дар ҷӯи ҷавонист.
Рухам сархайли туркони Тироз аст,
2
Камина хайлтошам кибру ноз аст.
Вилояте ба Туркистон қариби Рум; мардуми он ҷо сурхранг бошанд («Ғиёс»).
Шарик, ҳамроҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё