Ҳафтахтар Ҷилди 3

Маро ҳам ҷон туӣ, ҳам зиндагонӣ,
Гар, охир, кас намедонад, ту донӣ.
Ба ҳушёриву мастӣ гоҳу бегоҳ
Накардам ҷуз хаёлатро назаргоҳ.
Касе ҷуз ман гар ин шарбат чашидӣ,
Сару кораш ба расвоӣ кашидӣ.
Ба хилват ҷома аз ғам медаридам,
Ба заҳмат ҷомаи нав мебуридам.
Бад-он то лашкар аз ман барнагардад,
Бинои подшоҳӣ дарнагардад.
На ринде будаам дар ишқи рӯят,
Ки танбӯре ба даст орам ба кӯят.
Ҷаҳондовар манам дар корсозӣ,
Ҷаҳондор аз куҷову ишқбозӣ!
Вале чун номи зулфат мешунидам,
Ба тоҷу тахт бӯе мехаридам.
Ба тан бо дигаре хурсанд будам,
Зи дил то ҷон туро дар банд будам.
Ба фатвои кажӣ обе нахӯрдам,
Бурун аз ростӣ коре накардам.
Агар гоме задам дар комронӣ,
Ҷавон будам, чунин бошад ҷавонӣ!
ПОСУХ ДОДАНИ ШИРИН ХУСРАВРО
Дигар раҳ луъбати товуспайкар
Кушод аз дурҷи луълӯ тунги шаккар.
Равон кард аз ақиқ он нақши зебо,
Суханҳое нигоринтар зи дебо,
К-аз он афзун, ки даврони ҷаҳон аст,
Шабу рӯзу замину осмон аст,
Ҷаҳондовар ҷаҳондори ҷаҳон бод,
Замона ҳукмкаш, ӯ ҳукмрон бод,
Ба фаррошӣ кавокиб дар ҷанобаш,
Ба сарҳангӣ саодат дар рикобаш,
Маро дар дил зи Хусрав сад ғубор аст,
Зи шоҳӣ бигзар, он дигар шумор аст.
Ҳанӯзам нози давлат менамоӣ,
Ҳанӯз аз роҳи ҷабборӣ дароӣ.
Ҳанӯзат дар сар аз шоҳӣ ғурур аст,
Дареғо, к-ин ғурур аз ишқ дур аст.
Ту аз ишқи ману ман бениёзӣ,
Туро шоҳӣ расад ё ишқбозӣ.
Дар ин гармо, ки боди сард бояд,
Дил осон аст, бо дил дард бояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё