Ҳафтахтар Ҷилди 3

Шавам чун ҳалқаи дар тавқбардӯш,
Хато гуфтам, ки чун дар ҳалқадаргӯш!
Макун бар ман ҷафо, к-аз ҳеҷ роҳе
Надорам ҷуз вафодорӣ гуноҳе
В-агар дорам гуноҳ, он дил раҳим аст,
Гуноҳи одамӣ расми қадим аст.
Ҳама тундӣ макун, лахте биором,
Раҳо кун тавсанӣ, чун ман шудам ром.
Шубонӣ пеша кун, бигзор гургӣ,
Макун бо сарбузургон сарбузургӣ.
Нашояд хӯи бадро моя кардан,
Бузургонро чунин бепоя кардан.
Чу хок андохтӣ бар остонам,
На он гоҳе-т хокандоз хонам.
Магӯ, к-аз роҳи ман чун фитна бархез,
Чу бархезам, ту бошӣ фитнаангез.
Макун, к-ин зулмро парвоз бинӣ,
Гар аз ман не, зи гетӣ бозбинӣ.
На ҳар хоне, ки пеш ояд, тавон хӯрд,
На ҳар-ч аз даст бархезад, тавон кард.
На ҳар дасте, ки теғи тез дорад,
Ба хуни халқ дастовез дорад.
Ман ин хорӣ зи худ бинам, на аз ту,
Гуноҳ аз бахти бад бинам, на аз ту.
Ҷарас бевақт ҷунбонид кӯсам,
Дуҳул бевақт зад бонги хурӯсам
Вагарна дар дама сӯзам, ки дидӣ,
Чунин рӯзе бад-ин рӯзам, ки дидӣ.
Ғалат гуфтам, ки ишқ аст ин, на шоҳӣ,
Набошад ишқ бе фарёдхоҳӣ.
Бикун, чандон ки хоҳӣ, ноз бар ман,
Мазан чун рондагон овоз бар ман.
Агар бар ман ба султонӣ кунӣ ноз,
Бигӯ, то хат ба мавлоӣ диҳам боз.
Агар гӯшам бигирӣ, то фурӯшӣ,
1
Кунам дар байъати байъат хамӯшӣ
В-агар чашмам канӣ, сар пеш дорам,
Пас ин чашми дигар дар пеш дорам.
Камарбандӣ-тро бинам ба хунам,
Кулаҳдорӣ-тро донам, ки чунам.
Агар гардад сарам бар ханҷар аз ту,
Ба сар гардам, нагардонам сар аз ту.
Аҳду паймон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё