Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба файёзе, ки бахшад бо рутаб хор,
Ки бе хорам наояд кас рутабвор.
Рутаб бе устухон обе надорад,
Чу маҳ бе шаб бувад, тобе надорад.
Туро бисёр мебошад дар ин роҳ,
Валекин талху ман ширинам, эй шоҳ.
Басе ҳамсуҳбатат бошад дар ин пӯст,
Валекин устухон, ман мағзам, эй дӯст.
Ту дар ишқи ман аз моливу ҷоҳӣ
Чи дидӣ ҷуз худовандиву шоҳӣ?
Кадомин соат аз ман ёд кардӣ,
Кадомин рӯзам аз худ шод кардӣ,
Кадомин ҷома бар ёдам даридӣ,
Кадомин хорӣ аз баҳрам кашидӣ,
Кадомин пайкро додӣ паёме,
Кадомин шаб фиристодӣ саломе?!
Ту соғар мезадӣ бо дӯстон шод,
Қалам Шопур мезад, теша Фарҳод!

ПОСУХ ДОДАНИ ХУСРАВ ШИРИНРО

Дигарбора ҷаҳондор аз сари меҳр
Ба гулрух гуфт, к-эй сарви чаманчеҳр,
1
Табархун бо сиҳисарват қарин бод,
Табарзад бо табархун ҳамнишин бод,
Даҳони ҷуз ман аз ҷоми лабат дур,
Сари ҷуз ман зи тавқи ғабғабат дур!
Итобат гарчи заҳри ноб дорад,
Гузар бар чашмаи нӯшоб дорад.
Намегӯям, ки бар боло чароӣ,
Бало манмой, чун боло намоӣ!
Сиҳисарви туро боло баланд аст,
Ба болотар шудан нодилписанд аст.
Нисореро, ки чашмам мефишонад,
Кадомин манҷаниқ он ҷо расонад?
Маро бар қаср каш як мил боло,
Нисори ашк бин як пил боло.
Чу бар ман ганҷи Қорун мефишондӣ,
Чу Қорунам чаро дар хок мондӣ,
Дил ин ҷо дар куҷо хоҳам кушодан,
Тан ин ҷо сар куҷо хоҳам ниҳодан?
Чу ҳалқа гар биёбам бар дарат бор,
Даратро ҳалқа мебӯсам фалаквор.

Меваи санҷидмонанд, челон.

пешина
аз 349
навбатӣ