Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зи даҳгӯӣ ба даҳ сӯе-т н-овард,
Зи якгӯӣ ба як кӯе расад мард.
Маро аз рӯи ту як қибла дар пеш,
Туро қибла ҳазор аз рӯи ман беш.
Агар зеборухе рафт аз канорат,
Аз ӯ зеботар, инак, даҳ ҳазорат.
Туро мушкуи мушкин пурғизолон,
Маафкан саг бар ин оҳуи нолон.
Зи дурандозии мушкуи шоҳам,
Ки дар зиндони ин дайр аст чоҳам.
Шавам дар хонаи ғамнокии хеш,
Нигаҳ дорам чу гавҳар покии хеш.
Гили саршӯй аз ин маънӣ, ки пок аст,
Ба сар бармекунандаш, гарчи хок аст.
Биосояд ҳама шаб мурғу моҳӣ,
Наосоям ман, аз ҷонам чи хоҳӣ?
Манам чун мурғи дар доме гирифта,
Даре дарбаставу боме гирифта.
Чу тӯтӣ сохта бо оҳанин банд,
Ба танҳоӣ чу анқо гашта хурсанд.
Ту дар хиргоҳу ман дар хонаи танг,
Туро рӯзӣ биҳишт омад, маро санг.
Чу ман бо захм хӯ кардам дар ин хор,
На марҳам бод дар олам, на гулзор!
Ду рӯзи умр, агар дод аст, агар дуд,
Чунон, к-аш бигзаронӣ, бигзарад зуд.
Бале, чун рафт бояд з-ин гузаргоҳ,
Зи хоро беҳ буридан, то зи хиргоҳ.
Бар ин тан, к-ӯ ҳамоил бар фалак баст,
Ба сарҳанге ҳамоил чун кунӣ даст?
Ба гӯре чун барӣ шер аз канорам,
Ки Ширинам, на охир ширхорам!
На он тифлам, ки аз ширинзабонӣ
1
Ба хурмое кулуҷамро ситонӣ.
Дар ин хирман, ки тӯ бар тӯ итоб аст,
Ба як ҷав бо манат соле ҳисоб аст.
Чу Зуҳра арғунунеро, ки созам,
Биозорам нахуст, он гаҳ навозам.
Чу оташ гарчи охир нури покам,
Ба аввалнавбат, охир, дуднокам.
Нахуст оташ диҳад чарх, он гаҳе об,
Ба ҳоли ташнагон дарбину дарёб.

Кулчаи ширин.

пешина
аз 349
навбатӣ