Ҳафтахтар Ҷилди 3

Дигар гуфтӣ, ки онон, к-арҷманданд,
Чунин бар рӯи меҳмон дар набанданд,
На меҳмонӣ, туӣ бози шикорӣ,
Тамаъ дорӣ ба кабки кӯҳсорӣ
В-агар меҳмонӣ, инак, додамат ҷой,
Ман, инак, чун канизон пеш бар пой.
Ба соҳибраддиву соҳибқабулӣ
Нашояд кард меҳмонро фузулӣ.
Ҳадиси он, ки дар бастам, раво буд,
Ки сармаст омадан пешам хато буд.
Чу ман хилватнишин бошам, ту махмур,
Зи туҳмат раъйи мардум кай бувад дур?
Туро боист, пире чанд ҳушёр
Гузин кардан, фиристодан бад-ин кор.
Маро бурдан ба маҳди хусравоин,
Шабистонро ба ман кардан навоин.
Чу ман ширинсаворе зине арзад,
Арӯсе чун Шакар ковине арзад!
Ту мехоҳӣ магар, к-аз роҳи дастон
1
Ба нуқлонам хӯрӣ чун нақли мастон,
Ба даст орӣ маро чун ғофилон маст,
Чу гул бӯе кунӣ, андозӣ аз даст?
Макун пардадарӣ дар маҳди шоҳон,
Туро он бас, ки кардӣ дар Сипоҳон,
Ту бо Шаккар тавонӣ кард ин шӯр,
На бо Ширин, ки бар Шаккар кунад зӯр.
Шакаррези туро Шаккар тамом аст,
Ки Ширин шаҳд шуд в-ин шаҳд хом аст.
Ду лахте буд, дар як лахт бастанд,
Зи товуси дупар як пар шикастанд.
Ду дилбар доштан аз якдилӣ нест,
Дудил будан тариқи оқилӣ нест.
Сазовори Уторид шуд ду пайкар,
Ту Хуршедӣ, туро як бурҷ беҳтар.
Раҳо кун номи Ширин аз лаби хеш,
Ки ширинӣ даҳонатро кунад реш.
Ту аз ишқи ману ман бениёзӣ,
Ба ман бозӣ кунӣ дар ишқбозӣ.
Мазан шамшер бар Ширини мазлум,
Туро он бас, ки бурдӣ найза дар Рум.
Чу султон шав, ки бо як гӯй созад,
На чун ҳинду, ки бо даҳ гӯй бозад.
Чизе, ки бо шароб ва ҷуз бо он хӯранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё