Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чунин бошад нисорафшони кӯят,
Ба рӯят шодам, эй шодӣ ба рӯят!
Ба ман дарсохтӣ чун шаҳд бо шир,
Зи хидматҳо накардӣ ҳеҷ тақсир,
Вале дар бастанат бар ман чаро буд,
Хато дидам, нигоро, ё хато буд?
Заминворам раҳо кардӣ ба пастӣ,
Ту рафтӣ чун фалак, боло нишастӣ.
Нагӯям, бар туам болоие ҳаст,
Ки дар ҷинси сухан раъноие ҳаст.
На меҳмони туам, бар рӯи меҳмон
Чаро дар боядат бастан бар ин сон?
Нашояд баст дар бар меҳмоне,
Ки ҷуз ту несташ ҷону ҷаҳоне.
Каримоне, ки бо меҳмон нишинанд,
Ба меҳмон беҳтарак з-ин бозбинанд.
Магар моҳӣ ту ё ҳур, эй париваш,
Ки наздикат набошад омадан хуш?!

ПОСУХ ДОДАНИ ШИРИН ХУСРАВРО

Ҷавобаш дод сарви лоларухсор,
Ки доим бод давлат бар ҷаҳондор,
Фалак банди камаршамшер бодат,
Тани пилу шукӯҳи шер бодат,
Саре, к-аз тавқи ту ҷӯяд ҷудоӣ,
Мабод аз банди бедодаш раҳоӣ,
Ба чашми нек бинодат накӯхоҳ,
Мабодо чашми бадро сӯи ту роҳ!
Мазан таъна, ки бар боло задӣ тахт,
Канизони туро боло бувад рахт.
Алам гаштам ба ту дар меҳрубонӣ,
Алам болои сар беҳтар, ту донӣ.
Ман он гардам, ки аз роҳи ту ояд,
Агар гарди ту боло рафт, шояд.
Ту ҳастӣ аз сари соҳибкулоҳӣ
Нишаста бар сарири подшоҳӣ.
Ман аз ишқат бароварда фиғоне
Ба боме-бар чу ҳинду посбоне.
Ҷаҳондорон, ки туркон ом доранд,
Ба хидмат ҳиндуе бар бом доранд.
Ман он турки сияҳчашмам бар ин бом,
Ки «Ҳиндуи сапедам» - шуд маро ном
В-агар болои маҳ бошад нишастам,
Шаҳаншаҳро камина зердастам.

пешина
аз 349
навбатӣ