Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамоилпайкаре аз зарри конӣ,
Кашида бар паранде арғувонӣ.
1
Сароғӯше баромуда ба гавҳар,
Ба расми чиниён афканда бар сар.
Сияҳшаъре чу зулфи анбарафшон
Фуруд овехт бар моҳи дурафшон.
Бад-ин товускирдорӣ ҳумое
Равон шуд чун тазарве дар ҳавое.
Нишоти дилбарӣ дар сар гирифта,
Ниёзе дида, нозе даргирифта.
Суи девори қаср омад хиромон,
Замин бӯсид шаҳро чун ғуломон.
Кушод аз гӯш гавҳар, к-аш басе лаъл
Суми Шабдизро кард оташиннаъл.
Ҳама сад дона марвориди хуш-об
Ба фарқафшони Хусрав кард партоб.

ДИДАНИ ХУСРАВ ШИРИНРО
ВА СУХАН ГУФТАН БО ШИРИН

Чу Хусрав дид моҳи хиргаҳиро,
Чаман кард аз дил он сарви сиҳиро.
Биҳиште дид дар қасре нишаста,
Биҳиштивор дар бар халқ баста.
Зи ишқи ӯ, ки ёре буд чолок,
Зи курсӣ хост афтодан суи хок.
Ба айёрӣ зи ҷои хеш барҷаст,
Баробар дасти худ бӯсиду биншаст.
Забон бикшод бо узре диловез,
Зи пурсиш кард бар Ширин шакаррез,
Ки доим тоза бош, эй сарви озод,
Сарат сабзу рухат сурху дилат шод,
Ҷаҳон равшан ба рӯи субҳхандат,
Фалак дар сояи сарви баландат!
Диламро тоза кард ин хуррамиҳо,
Хиҷил кардӣ маро аз мардумиҳо.
2
Зи ганҷу гавҳару мансуҷу дебо
Раҳам кардӣ чу маҳди хеш зебо.
Зи наълакҳои гӯши гавҳаровез
Фикандӣ лаълҳо дар наъли Шабдиз.
Зи бас гавҳар, ки дар наълам кашидӣ,
Ба рух-бар риштаи лаълам кашидӣ.

Омехта; саршор.
Нассоҷишуда, матои бофта.

пешина
аз 349
навбатӣ