Ҳафтахтар Ҷилди 3

Ту худ донӣ, ки ман аз ҳеҷ рое
Надорам бо ту дар хотир хатое.
Бибояд бо манат дамсоз гаштан,
Туро нодида натвон бозгаштан
В-агар хоҳӣ, ки ин ҷо кам нишинам,
Раҳо кун, к-аз сари поят бибинам.
Бад-ин зорӣ паёме шоҳ мегуфт,
Шакарлаб мешуниду оҳ мегуфт.
Канизе кордонро гуфтӣ он моҳ:
Ба хидмат хезу берун рав бари шоҳ.
Фалон шаштоқи деборо бурун бар,
Бизан бо тоқи ин айвон баробар.
Зи хору хора холӣ кун миёнаш,
Муаттар кун ба мушку заъфаронаш.
Бисоте гавҳарин дар вай бигустар,
Биёр он курсии шашпояи зар,
Бинеҳ аз пешгоҳу шиққа дарбанд,
Пас он гаҳ шоҳро, гӯ, к-эй худованд,
На турки ин саро, ҳиндуи ин бом
Шаҳаншаҳро чунин дода-ст пайғом.
Парастори ту Ширини ҳавасҷуфт,
Ба лафзи ман шаҳаншаҳро чунин гуфт,
Ки гар меҳмони моӣ, ноз манмой,
Ба ҳар ҷо, к-ат фурӯ орам, фуруд ой.
Савоб он шуд зи рӯи пешбинӣ,
Ки имрӯзӣ, дар ин манзар нишинӣ.
Ман оям худ ба хидмат бар сари кох,
Замин бӯсам ба нерӯи ту густох.
Бигӯем, он чи моро гуфт бояд,
Чу гуфтем, он кунем он гаҳ, ки шояд!
Канизи кордон берун шуд аз дар,
Бурун бурд, он чи фармуд он суманбар,
Ҳама тартиб кард оини зарбафт,
Фуруд овард Хусраврову худ рафт.
Рухи Ширин зи хиҷлат гашта пурхай,
Ки нузли шоҳ чун созад пайопай.
Чу аз нузли зарафшонӣ бипардохт,
Зи ҷуллобу шакар нузле дигар сохт.
Ба дасти чошнигире чу маҳтоб
Фиристодаш зи шарбатҳои ҷуллоб.
Пас он гаҳ моҳро пероя барбаст,
Ниқоби офтоб аз соя барбаст.
Фурӯ пӯшид гулнорӣ паранде,
Бар ӯ ҳар шохи гесӯ чун каманде.
Каманде ҳалқавор афканда бар дӯш,
Зи ҳар ҳалқа ҷаҳоне ҳалқадаргӯш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё