Ҳафтахтар Ҷилди 3

Мурассаъ пайкаре дар нимаи дӯш,
Кулоҳи хусравӣ бар гӯшаи гӯш.
Рухе чун сурхгул навбардамида,
Хате чун ғолия гирдаш кашида.
Гирифта дастаи наргис ба дасташ,
Ба хушхобӣ чу наргисҳои масташ.
Гулаш зери арақ ғаввос гашта,
Тазарваш зери гул раққос гашта.
Камарбандон ба гирдаш даста баста,
Ба дасти ҳар як аз гул даста-даста.
Чу Ширин дид Хусравро чунон маст,
Зи пой афтоду шуд якбора аз даст.
Зи беҳушӣ замоне бехабар монд,
Ба ҳуш омад, ба кори хеш дармонд,
Ки гар нагзорам акнун дар вусоқаш,
Надорам тоқати захми фироқаш
В-агар лахте зи тундӣ ром гардам,
1
Чу Вис андар ҷаҳон бадном гардам.
Бикӯшам, то хато пӯшида бошам,
Чу натвонам, на ман кӯшида бошам!
Чу шоҳ омад, нигаҳбонон давиданд,
Зар афшонданду дебоҳо кашиданд.
Басе нохуштаро, к-аз дар дароранд,
Сипеҳру давр бин, то дар чи коранд.
Малик бар фарши дебоҳои гулранг
Ҷанибат ронду сӯи қаср шуд танг,
Даре дид оҳанин дар санг баста,
Зи ҳайрат монд бар дар дилшикаста.
На рӯи он, ки аз дар бозгардад,
На ройи он ки қуфландоз гардад.
Рақиберо ба назди хештан хонд,
Ки моро нозанин бар дар чаро монд,
Чи талхӣ дид Ширин дар ман, охир,
Чаро дар баст аз ин сон бар ман, охир?
Дарун шав, гӯ, на шоҳаншаҳ, ғуломе
Фиристода-ст наздикат паёме,
Ки меҳмоне ба хидмат мегирояд,
Чи фармоӣ, дарояд, ё наояд?
Ту, к-андар лаб намак пайваста дорӣ,
Ба меҳмон-бар чаро дар баста дорӣ?
Дарам бикшой, к-охир подшоҳам,
Ба пои хештан узри ту хоҳам.
Қаҳрамони достони машҳури Фахруддини Гургонӣ «Вис ва Ромин».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё