Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бухорангез шуд уди қиморӣ,
Ҳаво мекард худ кофурборӣ.
Ба осоиш тавоно шуд тани шоҳ,
Ғунуд аз аввали шаб то саҳаргоҳ.
Чу лаъли офтоб аз кон баромад,
Зи ишқи рӯз шабро ҷон баромад,
Фалак сармаст буд аз пӯя чун пил,
1
Хуноқи шаб кабудаш кард чун нил,
Табибони шафақ мудхал кушоданд,
Фалакро сурхӣ аз акҳал кушоданд,
Малик з-оромгаҳ бархост шодон,
Нишот оғоз кард аз бомдодон.
Набизе чанд хӯрд аз дасти соқӣ,
Намонд аз шодмонӣ ҳеҷ боқӣ.
Чу ошӯби набидаш дар сар афтод,
Тақозои муродаш дар бар афтод.
Бурун шуд масту бар Шабдиз биншаст,
Суи қасри нигорин ронд сармаст.
Дил аз мастӣ шуда раққос бо ӯ,
Ғуломе чанд хосулхос бо ӯ.
Хабар карданд Ширинро рақибон,
Ки, инак, Хусрав омад бе нақибон.
Дили покаш зи нангу ном тарсид
В-аз он парвози беҳангом тарсид.
Ҳисори хешро дар дод бастан,
Рақибе чандро бар дар нишастан.
Ба дасти ҳар як аз баҳри нисораш
Яке хон зар, ки беҳад буд шумораш.
Зи миқрозиву чинӣ бар гузаргоҳ
Яке майдон бисот афканд бар роҳ.
Ҳама раҳро тирози ганҷ бардӯхт,
Гулоб афшонду худ чун уд месӯхт.
Ба боми қаср баршуд чун яке моҳ,
Ниҳода гӯш бар дар, дида бар роҳ.
Зи ҳар нӯки мижа карда синоне,
Бар ӯ аз хун нишонда дидабоне.
Баромад гарде аз раҳ тӯтиёранг,
Ки равшанчашм аз ӯ шуд чашма дар санг.
Бурун омад зи дар он субҳи равшан,
Падид омад аз он гилхона гулшан.
Дар он машъал, ки бурд аз шамъҳо нур,
Чароғ ангушт бар лаб монда аз дур.
Хадангаш руста аз заррин хадангаш,
Ки шамшод об гашт аз обу рангаш.

Бемории хафа ва гулугирифтагӣ.

пешина
аз 349
навбатӣ