Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гиреви кӯсҳо бар кӯҳаи пил
Гирифта кӯҳу саҳро мил дар мил.
Зи ҳалқуми дироҳои дурафшон
Мушаббакҳои заррин анбарафшон.
Саду панҷоҳ саққо дар сипоҳаш
Ба оби гул ҳамешустанд роҳаш.
Саду панҷоҳ миҷмардори дилкаш
Фиканда бӯйҳои хуш дар оташ.
Ҳазорон тарфи заррин буд баста,
2
Ҳама мехи дурустакҳо шикаста.
Бад-он, то ҳар куҷо, к-ӯ асп ронад,
Ба ҳар гоме дурустӣ бозмонад.
Ғарибе гар гузар кардӣ бар он роҳ,
Бидонистӣ, ки кард он ҷо гузар шоҳ.
Бад-ин оин чу берун омад аз шаҳр,
Ба истиқболаш омад гардиши даҳр.
Шуда бар орази лашкар ҷаҳон танг,
Ки шоҳаншаҳ куҷо медорад оҳанг.
Чунин фармуд хуршеди ҷаҳонгир,
Ки хоҳам кард рӯзе чанд нахчир.
Чу дар нолидан омад таблаки боз,
Даромад мурғи сайдафкан ба парвоз,
Равон шуд дар ҳаво бози сабукпар,
Ҷаҳон холӣ шуд аз кабку кабӯтар.
Яке ҳафта дар он кӯҳу биёбон
3
Нарастанд аз уқобайнаш уқобон.
Пайопай ҳар замон нахчир мекард,
Ба нахчире дигар тадбир мекард.
Буна дар як шикористон намемонд,
Шикорафкан-шикорафкан ҳамеронд
В-аз он ҷо ҳамчунон бар дасти зерин
Рикоб афшонд сӯи қасри Ширин.
Ба якфарсангии қасри дилором
Фуруд омад чу бода дар дили ҷом,
Шаб аз анбар ҷаҳонро килла мебаст,
Зимистон буду боди сард меҷаст.
Замин, к-аз сардӣ оташ дошт дар зер,
Паранди обро мекард шамшер.
Агарчи ҷой бошад гармсерӣ,
Нашояд кард бо сармо далерӣ,
Малик фармуд, к-оташ барфурӯзанд,
4
Ба ман анбар, ба хирман уд сӯзанд.

1
Кӯҳча, пушта.
2
Зари сиккадор.
Чорпояи оҳанине, ки гунаҳкоронро бар он баста мезаданд.
Ба маънои хирман.

пешина
аз 349
навбатӣ