Ҳафтахтар Ҷилди 3

Зи хушнуқлӣ, ки май дар ҷом резам,
Шакар дар домани бодом резам.
Агарчи нори симин гашт себам,
Ҳамон ошиқкуши оқилфиребам.
Рухам рӯзе, ки бифрӯзад ҷаҳонро,
1
Ба зарнихе фурӯшад арғувонро.
Зи раъноӣ, ки ҳаст, ин наргиси маст
Наолояд ба хуни ҳар касе даст.
Чи шӯришҳо, ки ман дорам дар ин сар,
Чи мискинон, ки ман куштам бар ин дар.
Бирав, то бар ту накшоям ба хун даст,
Ки дар гардан басе хунам чунин ҳаст.
Нахӯрда захм, дасти рост бардор,
Ба дасти чап кунад ишқам чунин кор.
Ту сангиндил шудӣ, ман оҳанинҷон,
Чунин дилро нашояд ҷуз чунин ҷон!
ПОСУХИ ХУСРАВ ШИРИНРО
Малик бори дигар гуфт: эй дилафрӯз,
Ба гуфтан-гуфтан аз мо меравад рӯз.
Макун бо ман ҳисоби хубрӯӣ,
Ки сад раҳ хубтар з-онӣ, ки гӯӣ.
Фурӯғи чашмӣ, эй дурӣ зи ту дур,
Чароғи субҳӣ, эй нури ало нур.
Ба дарё монӣ аз гавҳарфишонӣ,
Вале оби ту - оби зиндагонӣ.
Ту дар оина дидӣ сурати хеш,
Ба чашми ман-дарӣ сад бор аз он беш.
Туро гар бар забон гӯям дилором,
Даҳонам пуршакар гардад бад-ин ном.
Гарат Хуршед хонам, низ ҳастӣ,
Ки Маҳро бар фалак равнақ шикастӣ.
Дили шаккар дар он таърих шуд танг,
Ки ёқути ту берун омад аз санг.
Сиҳӣ сарв он замон шуд дар чаман суст,
Ки симин нори ту бар норван руст.
Рутабро устухон он шаб шикастанд,
Ки хурмои лабатро нахл бастанд.
Ирамро сиккаи рӯят калид аст,
Висолат чун Ирам з-он нопадид аст.
Қамар дар некуӣ дилдодаи туст,
Шакар мавлои мавлозодаи туст.
Моддаи гӯгирд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё