Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Каниз аз кори Хусрав монд мадҳуш,
Ки ширин омадаш Хусрав дар оғӯш.
Фасона буд Хусрав дар накӯӣ,
Фусунгар буд вақти нағзгӯӣ.
Зи ҳар кас, к-ӯ ба боло сарварӣ дошт,
Сареву гардане болотарӣ дошт.
Ба хушмағзӣ беҳ аз бодоми тар буд,
Ба ширинустухонӣ найшакар буд.
Шабе, к-асби нишоташ ланг рафтӣ,
Кам ин будӣ, ки сӣ фарсанг рафтӣ.
Ҳар он рӯзе, ки нисфе кам кашидӣ,
Чиҳил ман соғаре дар дам кашидӣ.
Чу субҳ омад, каниз аз ҷой бархост.
Ба дастон аз малик дастурие хост.
Ба наздики Шакар шуд кому ноком,
Ба Шаккар бозгуфт аҳволи бодом.
Ҳар он ч-аз шоҳ дид, ӯро хабар дод,
Ниҳониҳои хилватро бадар дод.
Бад-он то Шаккар огаҳ бошад аз кор,
Бигӯяд, ҳар чи пурсад з-ӯ ҷаҳондор.
Шакар бардошт шамъу дар шуд аз дар,
Ки хуш бошад ба як ҷо шамъу шаккар.
Малик пиндошт, к-он ҳамбистар ӯ буд,
Канизак шамъ дорад, Шаккар ӯ буд.
Бипурсидаш, ки то меҳмонпарастӣ,
Ба хилват бо чу ман меҳмон нишастӣ?
Ҷавобаш дод, к-эй аз меҳтарон тоқ,
Надидам мисли ту меҳмон дар офоқ.
Ҳама чизе-т ҳаст аз хубрӯӣ,
Зи шириншаккариву чарбгӯӣ.
Яке айб аст, агар н-ояд гаронат,
Ки бӯе дар намак дорад даҳонат,
Намак дар мардум орад бӯи покӣ,
Ту бо чандин намак чун бӯйнокӣ?
Ба савсанбӯй шаҳ гуфто: чи тадбир?
Суманбар гуфт: соле савсану сир!
Малик чун рахт аз он бутхона барбаст,
Гирифт он пандро яксол дар даст.
Бар он афсона чун бигзашт соле,
Мизоҷи шаҳ шуд аз ҳоле ба ҳоле.
Ба зераш ром шуд даврони тавсан,
Баровардаш дарахти сир савсан.
Шабе бар одати порина бархост,
Ба Шаккар боз бозоре баророст,

пешина
аз 349
навбатӣ