Ҳафтахтар Ҷилди 3

Ҳамон ширинии порина дарёфт,
Ба ширинӣ расад, ҳар к-ӯ Шакар ёфт.
Чу давре чанд рафт аз айшсозӣ,
Падид омад нишони бӯсу бозӣ.
Ҳамон ҷуфта ниҳод он симсоқаш,
Ба ҷуфте дигар аз худ кард тоқаш.
Малик нуқли даҳонолуда мехӯрд,
Ба уммеди шакар полуда мехӯрд.
Чу лашкар бар раҳил афтод шабро,
Малик пурсид боз он нӯшлабро,
Ки чун ман ҳеҷ меҳмоне расидат,
Бад-ин рағбат касе дар бар кашидат?
Ҷавобе шаккаринаш дод Шаккар,
Ки порам буд ёре чун ту дар бар,
Ҷуз он, к-он шахсро бӯи даҳон буд,
Ту хушбӯӣ, аз ин беҳ чун тавон буд!
Малик гуфто: чу бинӣ айби ҳар чиз,
Бибин айби ҷамоли хештан низ!
Бипурсидаш, ки айби ман кадом аст,
К-аз он айб ин накӯӣ зиштном аст?
Ҷавобаш дод, к-он айб аст машҳур,
Ки як соат зи наздикон наӣ дур,
Чу даври чарх бо ҳар кас бисозӣ,
Чу гетӣ бо ҳама кас ишқ бозӣ.
Нигорин мурғӣ, эй тимсоли чинӣ,
Чаро ҳар лаҳза бар шохе нишинӣ?
Ғилофи нозуке дорӣ, дареғӣ,
Ки ҳар соат кунӣ бозӣ ба теғе.
Ҷавобаш дод Шаккар, к-эй ҷавонмард,
Чи пиндорӣ, к-аз ин шаккар касе хӯрд?
Ба сатторе, ки сатри ӯст пешам,
Ки ман то зодаам, бар муҳри хешам.
На кас бо ман шабе дар парда хуфтаст,
На дуррамро касе дар давр суфтаст.
Канизони мананд инон, ки бинӣ,
Ки дар хилват ту бо эшон нишинӣ.
Бале, ман бошам он, к-аввал дароям,
Ба май биншинаму ишрат фазоям,
Вале он дилситон, к-ояд дар оғӯш,
На ман, чун ман буте бошад қасабпӯш!
Чу бишнид ин сухан шоҳ аз забонаш,
Бад-ин маънӣ гувоҳӣ дод ҷонаш,
Дуре, к-ӯро бувад муҳри худоӣ,
Диҳад носуфтагӣ бар вай гувоӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё