Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чу меҳмонон ба айвонаш дарун бурд,
Бад-он меҳмон сар аз Кайвон бурун бурд.
Малик чун бар бисоти кор биншаст,
Дурусте чандро бар кор бишкаст,
Иҷозат дод то Шаккар биёяд,
Ба меҳмон-бар зи лаб шаккар кушояд.
Бурун омад Шакар бо ҷоми ҷуллоб,
Даҳоне пуршакар, чашме пур аз хоб.
Шакарноме, ки шаккар резад, ӯ буд,
Наботе, к-аз Сипоҳон хезад, ӯ буд.
Зи гесӯ нофа-нофа мушк мебехт,
Зи ханда хона-хона қанд мерехт.
Чу Виса фитнае дар шаҳдбӯсӣ,
Чу доя ояте дар чоплусӣ.
Канизон доштӣ румиву чинӣ,
К-аз эшон ҳеҷро мисле набинӣ.
Ҳама дар ними шаб наврӯз карда,
Ба кори айш дастомӯз карда.
Нишасту бода пеш овард ҳолӣ,
Буте, ё раб, чунону хона холӣ!
На май дар обгина, к-он суманбар
Дар оби хушк мекард оташи тар.
Гулоберо ба талхӣ роҳ медод,
Ба ширинӣ ба дасти шоҳ медод.
Нишаста шоҳи олам меҳтарона,
Шакар бардошта чун маҳ тарона.
Пайопай ратлҳо пуртоб мекард,
Маликро шаҳрбанди хоб мекард.
Чу нӯши бода аз лаб неш бардошт,
Шакар бархост, шамъ аз пеш бардошт.
Ба узре, к-он қабул афтод дар роҳ,
Бурун омад зи хилватхонаи шоҳ,
Канизеро, ки ҳамболои ӯ буд,
Ба ҳусну чобукӣ ҳамтои ӯ буд,
Дар ӯ пӯшид зарру зевари хеш,
Фиристоду гирифт он шаб сари хеш.
Малик чун дид, к-омад нозанинаш,
Ситад доди шакар аз ангубинаш,
Дар ӯ печиду он шаб коми дил ронд,
1
Ба масруъе бар афсунӣ ғалат хонд.
Зи ширинӣ, ки он шамъи саҳар буд,
Гумон афтод ӯро, к-он Шакар буд.

Шарҳи «Куллиёти «Хамса»-и ҳаким Низомии Ганҷавӣ»: «Яъне, дар ҳолати саръи мастӣ афсуни ғалате хонд ва мувосилоти иштибоҳӣ ба ҷо овард».

пешина
аз 349
навбатӣ