Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба ҳар ҷое чу бод ором гирад,
Чу лола бо ҳама кас ҷом гирад,
Зи рӯи лутф бо кас дарнасозад,
Ки он кас хонумонро дарнабозад!
Касе, к-ӯро шабе гирад дар оғӯш,
Нагардад он шабаш ҳаргиз фаромӯш.
Маликро даргирифт он дилнавозӣ,
Асосе нав ниҳод аз ишқбозӣ.
Фарас, мехост, бар Ширин давонад,
Ба туркӣ ғорат аз турке ситонад,
Барад ширинии қанде ба қанде,
Кушояд мушкили банде ба банде,
Ба гавҳар пояи гавҳар шавад хурд,
Ба дебо оби деборо тавон бурд.
Сараш савдои бозори Шакар дошт,
Ки шаккар ҳам зи ширинӣ асар дошт,
На дил медодаш аз дил рондан ӯро,
На шоист аз Сипоҳон хондан ӯро.
Дар ин андеша собир буд як сол,
Нашуд воқиф касе бар ҳасби он ҳол.

РАФТАНИ ХУСРАВ БА ИСФАҲОН
ДАР ТАМАННОИ ШАККАР

Пас аз соле рикоб афшонд бар роҳ,
Суи мулки Сипоҳон ронд бунгоҳ.
Фуруд омад ба нузҳатгоҳи он бум,
Саводе дид беш аз кишвари Рум.
Гурӯҳе тозарӯву ишратафрӯз,
Ба гоҳи хушдилӣ равшантар аз рӯз,
Нишот оғоз карду бода мехӯрд,
Ғами он луъбати озода мехӯрд.
Нуҳуфта бозмепурсид ҷояш,
Ба даст овард ҳанҷори сарояш.
Шабе бархост танҳо бо ғуломе,
Зи бозори Шакар бархост коме.
Чу Хусрав бар сари кӯи Шакар шуд,
Сипоҳон қасри Ширини дигар шуд.
Ҳаловатҳои айш он аср медошт,
Ки Шаккар кӯю Ширин қаср медошт.
Ба дар-бар ҳалқа зад хомӯш-хомӯш,
Бурун омад ғуломе ҳалқадаргӯш,
Ҷавоне дид зеборӯй бар дар,
Намудори ҷаҳондорӣ-ш дар сар.
Фуруд овардаш аз Шабдиз чун моҳ,
Фарасро ронд ҳолӣ бар алафгоҳ,

пешина
аз 349
навбатӣ