Ҳафтахтар Ҷилди 3

Сару коре зи баҳри хеш гирад,
Сар аз коре дигар дар пеш гирад.
Зи ҳар қавме ҳикоят бозмеҷуст,
Нагирад марди зирак кори худ суст…
ШУНИДАНИ ХУСРАВ АВСОФИ
ШАККАРИ ИСФАҲОНИРО
Ба оини ҷаҳондорон яке рӯз
Ба маҷлис буд шоҳи маҷлисафрӯз.
Ба азми дастбӯсаш Қоф то Қоф
Камар баста кулаҳдорони атроф.
Нишаста пеши тахташ ҷумла шоҳон,
Зи Чин то Руму аз Рай то Сипоҳон.
Зи солори Хутан то хусрави Занг
Ҳама бар ёди Хусрав бода дар чанг.
Чу давре чанд май дардод соқӣ,
Намонд аз шарми шоҳон ҳеҷ боқӣ.
Шаҳаншаҳ шармро бурқаъ барафканд,
Сухан лахте ба густохӣ дарафканд,
Ки хубоне, ки дархурди фарешанд,
Зи олам дар кадомин буқъа бешанд?
Яке гуфто: «Латофат Рум дорад,
Латаф ганҷ асту ганҷ он бум дорад».
Яке гуфт: «Аз Хутан хезад накӯӣ,
Фасона-ст он тараф дар хубрӯӣ».
Яке гуфт: «Арман аст он буми обод,
Ки пайкарҳои ӯ бошад паризод».
Яке гуфто, ки дар ақсои Кашмир
Зи ширинӣ набошад ҳеҷ тақсир.
Яке гуфто: «Сазои базми шоҳон
Шакар номест дар шаҳри Сипоҳон,
Ба шаккар-бар, зи ширинӣ-ш бедод
В-аз ӯ шаккар ба Хузистон ба фарёд!
Ба зери ҳар лабаш сад ханда беш аст,
Лабашро чун шакар сад банда беш аст.
Қабо танг ояд аз сарваш чаманро,
Дирам вопас диҳад симаш суманро.
Рутаб пеши даҳонаш донарез аст,
Шакар бигзор, к-ӯ худ хонахез аст.
Чу бардорад ниқоб аз гӯшаи моҳ,
Барояд нолаи сад Юсуф аз чоҳ.
Ҷуз ин айбе надорад он дилором,
Ки густохӣ кунад бо хосу бо ом,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё