Ҳафтахтар Ҷилди 3

Гуле гар шуд, чи бояд хӯрд хоре,
Иваз бошад гулеро навбаҳоре.
Буте гар каср шуд, Кисро бимонод,
Ғами Марям махур, Исо бимонод!
РАСИДАНИ НОМАИ
ШИРИН БА ХУСРАВ
Чу Хусрав номаи Ширин фурӯ хонд,
Аз он ширинсухан оҷиз фурӯ монд.
Ба худ гуфто, ҷавоб аст ин, на ҷанг аст,
Кулӯхандозро подош санг аст.
Ҷавоби он чи боисташ даридан
Шунидам, он чи мебояд шунидан.
Дигарбора шуд аз Ширин шакархоҳ,
Ки ғавғои магас бархост аз роҳ.
Зи корошӯбии Марям баросуд,
Рутаб беустухон шуд, шамъ бедуд.
Чу Марям кард даст аз ҷашн кӯтоҳ,
Ҷаҳон чун ҷашни Марям гашт бар шоҳ.
Чу душман шуд, ҳама коре ба ком аст,
Яке об аз паси душман тамом аст.
Ба Ширин чанд чарбиҳо фиристод,
Ба равған нарм кард оҳан зи пӯлод.
Бути фармонбараш фармон пазируфт,
Ки дарде дошт, к-он дармон пазируфт.
Ба Хусрав пеш аз онаш буд пиндор,
К-аз он некӯтараш бошад талабгор.
Фиристад маҳду дар ковинаш орад,
Ба маҳди худ арӯсоинаш орад.
Ба дафтарҳо итоб оғоз мекард,
Итобаш беш мешуд, ноз мекард.
Матоъи некуӣ бар кор медид,
Баҳо мекард, чун бозор медид.
Матоъ аз муштарӣ ёбад равоӣ,
Ба дида қадр гирад рӯшноӣ.
Зи баҳри суди худ ин панд бинюш,
Матоъе, к-он набихранд аз ту, мафрӯш.
Дар он дидаст давлат судмандӣ,
Ки чун ёбӣ равое, дар набандӣ.
Малик дам доду Ширин дам намехӯрд,
Зи нози хеш мӯе кам намекард.
Чу оҷиз гашт аз он нози бахирвор,
Ниҳод андешаро бар чораи кор,
Ки ёри меҳрубон орад фарочанг,
Ба раҳворӣ ҳамеронад хари ланг.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё