Ҳафтахтар Ҷилди 3

Биранҷад нозанин аз ғам кашидан,
Насозад нозуконро ғам чашидан.
Инон он беҳ, ки аз Марям битобӣ,
Ки гар Исо шавӣ, гардаш наёбӣ.
Агар дар тахта рафт он нозанин ҷуфт,
Ба тарки тахти шоҳӣ чун тавон гуфт?
Ба май биншин, зи мижгон май чи резӣ,
Ғамат хезад, гар аз ғам барнахезӣ.
На ҳар кас пеши мире пеш мирад,
Бад-ин сахтӣ ғаме дар пеш гирад.
Ту зӣ, к-ӯ мурду ҳар, к-ӯ зод рӯзе,
Ба маргаш тан бибояд дод рӯзе.
Ба нолидан макун бар мурда бедод,
Ки мурда собирӣ хоҳад, на фарёд.
Чу кори колбад гирад табоҳӣ,
На дарвешӣ ба кор ояд, на шоҳӣ.
Зи баҳри чашмае махрӯшу махрош,
Зи файзи Даҷла гӯ як қатра кам бош,
Ба шодӣ бар лаби Шат ҷоми ҷам гир,
1
Куҳанзанбиле аз Бағдод кам гир.
Дили нағнуда бе ӯ биғнаводат,
Чунон к-аз дида рафт, аз дил раводат!
Агар сарве шуд аз бустони олам,
Ту боқӣ мон, ки ҳастӣ ҷони олам.
Махур ғам, то тавонӣ, бода хур шод,
Мабодо, к-аз сарат мӯе барад бод!
Агар ҳастӣ шавад дур аз ту аз даст,
Биҳамдуллаҳ, чу ту ҳастӣ, ҳама ҳаст.
Ту дурқадриву дур танҳо накӯтар,
Ту лаълӣ, лаъл беҳамто накӯтар.
Ба танҳоӣ қаноат кун чу Хуршед,
Ки ҳамсар ширк шуд дар роҳи Ҷамшед.
Агар бо мурғ бояд мурғро хуфт,
Ту симурғӣ, бувад симурғ беҷуфт.
Маранҷ, ар бо ту он гавҳар намонад,
Ту конӣ, кон зи гавҳар дарнамонад.
Сар он беҳтар, ки ӯ ҳамсар надорад,
Гуҳар он беҳ, ки ҳамгавҳар надорад.
Гар оҳуе зи саҳро рафт, бигзор,
Ки дар саҳро бувад з-ин ҷинс бисёр
В-агар як дона рафт аз хирмани шоҳ,
Фидо бодаш фалак бо хирмани моҳ.
Занбил – чармест, ки гадоён дар он чизҳои дарюза нигоҳ доранд («Ғиёс»).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё