Ҳафтахтар Ҷилди 3

Чу аз шукраш фаромушгор гардем,
Бимолад гӯш, то бедор гардем.
Ба ҳукми ӯст дар қонуни биниш
Тағайюрҳои ҳоли офариниш.
Гаҳе роҳат кунад қисмат, гаҳе ранҷ,
Гаҳе ифлос пеш орад, гаҳе ганҷ.
Ҷаҳонро нест коре ҷуз дурангӣ,
Гаҳе румӣ намояд, гоҳ зангӣ.
Гаҳ аз бедоди ин онро диҳад дод,
Гаҳ аз тимори он инро кунад шод.
Чи хуш гуфто Лаҳовардӣ ба Тӯсӣ,
Ки марги хар бувад сагро арӯсӣ.
На ҳар қисмат, ки пеш ояд, нишот аст,
На ҳар поя, ки зер афтад, бисот аст.
Чу рӯзибахши мо рӯзӣ чунин кард,
Гаҳе рӯзӣ даво бошад, гаҳе дард.
Хирадманд ӯ бувад, к-ӯ дар ҳама кор
Бисозад гоҳ бо гул, гоҳ бо хор.
Ҷаҳондори меҳин, хуршеди офоқ,
Ки зад бар фарқи ҳафт авранг шаш тоқ,
Ҷаҳон дорад ба зери подшоҳӣ
Сариву бо сарӣ соҳибкулоҳӣ.
Биҳишт аз ҳазраташ меъодгоҳест,
Зи боғи давлаташ тӯбӣ гиёҳест.
Дар ин даврон, ки маҳ то моҳӣ ӯрост,
Зи моҳӣ то ба моҳ огоҳӣ ӯрост,
Хабар дорад, ки рӯзу шаб дуранг аст,
Наволаш гаҳ шакар, гоҳе шаранг аст.
Дар ин сандалсарои обнӯсӣ
Гаҳе мотам бувад, гоҳе арӯсӣ.
Арӯси шоҳ агар дар зери хок аст,
Арӯсони дигар дорад, чи бок аст?
Фалак з-он дод бар рафтан далерӣ-ш,
Ки буд огаҳ зи шоҳу зудсерӣ-ш.
Аз ӯ беҳ гарчи шаҳро ҳамдаме нест,
Шаҳаншаҳ зудсер омад, ғаме нест.
Назар бар гулситоне дигар орад
В-аз ӯ беҳ дилситоне дар бар орад.
Дареғ он аст, к-он луъбат намонад
Вагарна ҳар кӣ монад, айш ронад.
Маранҷ, эй шоҳи нозукдил, бад-ин ранҷ,
Ки ганҷ аст он санам, дар хок беҳ ганҷ.
Махур ғам, к-одамӣ ғам барнатобад,
Чу ғам гуфтӣ, замин ҳам барнатобад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё