Ҳафтахтар Ҷилди 3

Бираст аз чанги Марям шоҳи олам
Чунон к-обистанон аз чанги Марям.
Дарахти Марямаш чун аз бар афтод,
Зи ғам шуд чун дарахти Марям озод.
Валек аз баҳри ҷоҳу эҳтиромаш
Зи мотам дошт оине тамомаш.
Нарафт аз ҳурматаш бар тахти шоҳӣ,
Напӯшид аз салабҳо ҷуз сиёҳӣ.
Чу Ширинро хабар доданд аз ин кор,
Ҳамаш гул дар ҳисоб афтоду ҳам хор.
Ба навъе шодмон гашт аз ҳалокаш,
Ки раст аз рашк бурдан ҷони покаш.
Ба дигар навъ ғамгин гашту дилсӯз,
Ки оқил буду метарсид аз он рӯз,
Зи баҳри хотири Хусрав яке моҳ
Зи шодӣ кард дасти хеш кӯтоҳ.
Пас аз моҳе, ки хор аз реш бархост,
Ҷаҳонро ин ғубор аз пеш бархост,
Дилаш тухми ҳавас фармуд киштан,
Ҷавоби номаи Хусрав навиштан.
Суханҳое, ки ӯро буд дар дил,
1
Фишонд аз тайрагӣ чун дона бар гил.
ТАЪЗИЯТНОМАИ ШИРИН БА ХУСРАВ
ДАР МАРГИ МАРЯМ
Нависанда чу бар коғаз қалам зад,
Ба тартиб он суханҳоро рақам зад.
Суханро аз ҳаловат кард чун қанд,
Сароғози суханро дод пайванд.
Ба номи подшоҳи подшоҳон,
Гуноҳомурзи муште узрхоҳон.
Худованде, ки моро корсоз аст,
Зи мову хидмати мо бениёз аст.
На пайкар, холиқи пайкарнигорон,
Ба ҳайрат з-ин шумор ахтаршуморон.
Замин то осмон, хуршед то моҳ,
Ба Туркистони фазлаш ҳиндуи роҳ.
Диҳад бе ҳаққи хидмат халқро қут,
Нигорад бе қалам дар санг ёқут.
Зи мурғу мӯр дар дарёву дар кӯҳ
Намонад ҷовидон касро дар андӯҳ.
Гаҳи неъмат диҳад нуқсонпазирӣ,
Кунад ҳангоми ҳайрат дастгирӣ.
Тира – хашму ғазаб; сабукиву хиҷолат; ғамин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё