Ҳафтахтар Ҷилди 3

В-агар шуд қатраи об аз сабӯят,
Басо Даҷла, ки сар дорад ба ҷӯят.
Чу монад бадр, гӯ, бишкан ҳилоле,
Чу хубӣ ҳаст з-ӯ кам гир холе.
Агар Фарҳод шуд, Ширин бимонод,
Чи бок аз зардгул, насрин бимонод!
Нависанда чу аз нома бипардохт,
Замин бӯсиду пеши Хусрав андохт.
Ба қосид дод Хусрав номаро зуд,
Ситад қосид, бибурд он ҷо, ки фармуд.
Чу Ширин дид, к-омад номаи шоҳ,
Рух аз шодӣ фурӯзон кард чун моҳ,
Се ҷо бӯсиду муҳри нома бардошт
В-аз ӯ як ҳарфро нохонда нагзошт.
Ҷигарҳо дид мушкандудкарда,
Табарзадҳои заҳролудкарда,
Қасабҳое, дар ӯ печида сад мор,
Рутабҳое, дар ӯ пӯшида сад хор,
Ҳама - миқрозаҳои парниёнпӯш,
Ҳама - заҳробҳои хуштар аз нӯш.
На сабри он, ки ин шарбат бинӯшад,
На ҷои он, ки аз тундӣ биҷӯшад,
Ба сахтиву ба ранҷ он ранҷу сахтӣ
Фурӯ хӯрд аз сари бедорбахтӣ.
МУРДАНИ МАРЯМ
Дарандеш, эй ҳаким, аз кори айём,
Ки подоши амал бошад саранҷом.
Намонад зоеъ, ар нек аст, агар дун,
Камарбаста ба ин кор аст гардун.
Чу Хусрав, бар фусӯси марги Фарҳод,
Ба Ширин ончунон талхӣ фиристод,
Чунон афтод тақдири илоҳӣ,
Ки бар Марям сар омад подшоҳӣ.
Чунин гӯянд, Ширин талхзаҳре
Ба хӯрдаш дод, аз он к-ӯ хӯрд баҳре
В-агар мерост хоҳӣ, бигзар аз заҳр,
Ба заҳролуди ҳиммат бурдаш аз даҳр.
Ба ҳиммат ҳиндувон чун барситезанд,
Зи шохи хушк барги тар бирезанд.
Фусунсозон, ки аз маҳ муҳра созанд,
Ба чашмафсои ҳиммат ҳуққа бозанд.
Чу Марям рӯзаи Марям нигаҳ дошт,
Даҳон дарбаст аз он шаккар, ки шаҳ дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё