Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Суманро аз бунафша тавқ барбаст,
Рутабҳоро ба захми устухон хаст,
Ба лола тахтаи гулро тарошид,
Ба луълӯ гӯшаи маҳро харошид,
Паранди моҳро пайванд бикшод,
Зи рух бурқаъ, зи гесӯ банд бикшод,
Ҷаҳонро сӯхт аз фарёд кардан,
Ба зорӣ дӯстонро ёд кардан.
Чунин ояд зи ёрон шарти ёрӣ,
Ҳамин бошад нишони дӯстдорӣ.
Бар он ҳаммоли кӯҳафкан бибахшуд,
Ба сар зону, ба зону кӯҳ паймуд.
Ғарибе кушта беш арзад фиғоне,
Ҷаҳон, гӯ, то бар ӯ гиряд ҷаҳоне.
Бад-ин сон ошиқе дар ғам бимирад,
Чун ӯ бод он, ки з-ӯ ибрат нагирад!
Ҳисоб аз кори ӯ дур аст моро,
Дил аз баҳри ту ранҷур аст моро.
Чу донам, сахт ранҷидӣ зи маргаш,
Ки мурду ҳам намегӯӣ ба таркаш.
Чаро боисташ аввал куштан аз дард,
Чу куштӣ, чанд хоҳӣ андуҳаш хӯрд?
Ғамаш мехур, ки хунаш ҳам ту хӯрдӣ,
Азизаш кун, ки хораш ҳам ту кардӣ.
Агар сад сол бар хокаш нишинӣ,
Аз ӯ хокитаре ҳаргиз набинӣ.
Чу хок ар сад ҷигар дорӣ ба дасте,
Наёбӣ мисли ӯ Ширинпарасте.
Валекин чун надорад гиря суде,
Чи бояд бе кабоб ангехт дуде,
Ба ғамхӯрдан накардӣ ҳеҷ тақсир,
Чи шояд кард бо тороҷи тақдир?
Бино бар марг дорад зиндагонӣ,
Нахоҳад зистан кас ҷовидонӣ.
Ту рӯзе в-ӯ ситора, эй дилафрӯз,
Фурӯ мирад ситора, чун шавад рӯз.
Ту субҳӣ, ӯ - чароғ, ар дил пазирад,
Чароғ он беҳ, ки пеш аз субҳ мирад.
Ту ҳастӣ шамъу ӯ парвонаи маст,
Чу шамъ ояд, равад парвона аз даст.
Ту боғӣ в-ӯ гиёҳе, к-аз ту хезад,
Гиёҳ он беҳ, ки ҳам дар боғ резад.
Ту оташтабъӣ, ӯ уди балокаш,
Бисӯзад уд, чун бифрӯзад оташ.
Агар мурғе парид аз гулситонат,
Парастад насри тоир з-осмонат

пешина
аз 349
навбатӣ