Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Агар пое ба даст орам дигар бор,
Ба доман даркашам чун нақши девор,
Чу нуқта зери паргор оварам рӯй,
Шавам, дар нақши девор оварам рӯй,
Ба сад девори сангин пешу пасро
Бибинам, то набинам нақши касро,
Набандам дил дигар дар сурати кас,
Аз ин суратпарастидан маро бас!
Чу з-ин сурат ҳадисе чанд рондӣ,
Дили мискин бар он сурат фишондӣ.
Чу шаб рӯй аз вилоят даркашидӣ,
1
Сипоҳи рӯз роят баркашидӣ.
Дигар бор он қиёматрӯзи шабхез
Ба захми кӯҳ кардӣ тешаро тез,
Ба шаб то рӯз гавҳарбор будӣ,
Ба рӯзаш санг суфтан кор будӣ.
Мабодо кас бад-ин бехонумонӣ,
Бад-ин талхӣ чи бояд зиндагонӣ?
Ба ту боди ҳалокам медавонад,
Хато гуфтам, ки хокам медавонад.
Чу ту ҳастӣ, нагӯям, кистам ман,
Деҳ они туст, дар деҳ чистам ман?
Нашояд гуфт, ман ҳастам, ту ҳастӣ,
Ки он гаҳ лозим ояд худпарастӣ.
Ба рафтан боз мекӯшам, чи суд аст,
Наёбам раҳ, ки пешоҳанг дуд аст.
Дар ин манзил, ки пой аз пӯя фарсуд,
Расидан дер мебинам, шудан зуд.
Ба рафтан маркабам бас тезгом аст,
Надонам, ҷои оромам кадом аст.
Чу аз ғам нестам як лаҳза озод,
Нахоҳам ҳеҷ касро дар ҷаҳон шод!
Дило, донӣ, ки доноён чи гуфтанд,
Дар он дарё, ки дурри ақл суфтанд:
Касе, к-ӯро бувад дар табъ сустӣ,
Нахоҳад ҳеҷ касро тандурустӣ.
Маро ишқ аз куҷо дархурд бошад,
Ки бар мӯе ҳазорон дард бошад.
Зи бас сангу зи бас гавҳар, ки мерехт,
Димоғаш санг бо гавҳар баромехт.
Ба гирди олам аз Фарҳоди ранҷур
Ҳадиси кӯҳ кандан гашт машҳур.

Парчам, ливо.

пешина
аз 349
навбатӣ