Ҳафтахтар Ҷилди 3

Зи ҳар буқъа шудандӣ сангсоён,
Бимондандӣ дар ӯ ангуштхоён.
Зи сангу оҳанаш ҳайрон шудандӣ,
Дар он саргашта саргардон шудандӣ.
РАФТАНИ ШИРИН БА КӮҲИ БЕСУТУН
ВА САБҚАТ ШУДАНИ АСПИ ВАЙ
Муборак рӯзе аз хуш рӯзгорон
Нишаста буд Ширин пеши ёрон,
Сухан мерафташон аз ҳар наварде,
Чунон ояд зи ҳар гармеву сарде.
Яке айши гузашта ёд мекард,
Бад-он таърих дилро шод мекард.
Яке афсонаи оянда мехонд,
Ки шодӣ бештар хоҳем з-ин ронд.
Зи ҳар шева сухан, к-он дилнавоз аст,
Бигуфтанд, он чи вогуфтан дароз аст.
Сухан чун шуд мусалсал, оқибат кор
Сутуни Бесутун омад падидор.
Ба ханда гуфт бо ёрон дилафрӯз:
Алам бар Бесутун хоҳам зад имрӯз!
Бибинам, к-оҳанин бозӯи Фарҳод
Чи гуна санг мебуррад ба пӯлод,
Магар з-он сангу оҳан рӯзгоре
Ба дилгармӣ фитад бар ман шароре.
Бифармуд, аспро зин барниҳодан,
Саборо маҳди заррин барниҳодан,
Набуд он рӯз Гулгун дар висоқаш,
Бар аспе дигар афтод иттифоқаш.
Бурун омад, чи гӯям, чун баҳоре
Ба зебоӣ чу яғмоӣ нигоре,
Равон шуд, наргисон пурхоб гашта,
Чу сад хирман гули сероб гашта,
Бад-он нозуктаниву обдорӣ
Чу мурғе буд дар чобуксаворӣ.
Чунон чобукнишин буд он дилором,
Ки барҷастӣ ба зин миқдори даҳ гом.
Зи наълаш бар сабо мисмор мезад,
Заминро чун фалак паргор мезад.
Чу омад бо нисори мушку насрин
Бари он кӯҳи сангин кӯҳи симин,
Зи акси рӯи он хуршеди рахшон
Зи лаъл он сангҳо шуд чун Бадахшон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё