Ҳафтахтар Ҷилди 3

Чу дар бедориву хоб инчунинам,
Паноҳе беҳ зи ту худро набинам.
Биё, к-аз мардумӣ ҷон бар ту резам,
На девам, к-охир, аз мардум гурезам.
Касе дар банди мардум чун набошад,
Ки ӯ аз санг мардум метарошад?
Тарошам сангу ин пинҳониам нест,
Ки дар пеш аст, дар пешониам нест,
Касеро рӯбарӯ аз халқ бахт аст,
Ки чун оина пешонӣ-ш сахт аст?
1
Бар он кас чун бибахшад нашви хокӣ,
Ки дорад чун бунафша шармнокӣ?
Зи бешармӣ касе, к-ӯ шӯхдида-ст,
Чу наргис бо кулоҳи заркашид аст.
Ҷаҳонро нест гарде пастар аз ман,
Набинӣ ҳеҷ кас бекастар аз ман.
Начандон дӯсте дорам диловез,
Ки гар рӯзе биафтам, гӯядам, хез.
Начандонам касе дар хайл пайдост,
Ки гар мирам, кунад болини ман рост.
Манам танҳо дар ин андӯҳу ҷоне,
Фидо карда саре бар остоне.
Агар сад сол дар чоҳе нишинам,
Касе ҷуз оҳи худ боло набинам
В-агар гардам ба кӯҳу дашт сад сол,
Ба ҷуз соя касам н-ояд ба дунбол.
Чи сагҷонам, ки бо ин дарднокӣ
Чу сагдорон давам хуниву хокӣ.
Сагонро дар ҷаҳон ҷову маро не,
Гиёро бар замин пову маро не.
Палангонро ба кӯҳистон паноҳ аст,
Наҳангонро ба дарё ҷойгоҳ аст.
Мани бесанги хокӣ монда дилтанг,
На дар хокам дар осоиш, на дар санг.
Чу бар хокам набуд аз ғам ҷудоӣ,
Шавам дар хок, то ёбам раҳоӣ.
Бад-ин беравғанӣ мағзи димоғам,
Ғами дил, бин, ки сӯзад чун чароғам.
Зи ман хокистаре монда дар ин дард,
Ба хокистар тавон оташ ниҳон кард?
Манам хоке чу бод аз ҷой рафта,
Нишот аз дасту зӯр аз пой рафта.
Рӯидан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё