Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ман афтода чунин чун гови ранҷур,
Ту мебинӣ, харак меронӣ аз дур.
Карам з-ин беш кун бо мурдаи хеш,
Макун бедод бар дилбурдаи хеш.
Ҳақиқат дон, маҷозӣ нест ин кор,
Ба кор оям, ки бозӣ нест ин кор.
Ман андар дасти ту чун коҳ пастам,
Вагарна кӯҳ оҷиз шуд зи дастам.
Чу ман дар зӯри даст аз кӯҳ бешам,
Чи бошад лашкаре чун кӯҳ пешам.
Агар ман теғ бар ҳайвон кунам тез,
На Шабдизам ҷаве санҷад, на Парвиз.
Зи Парвизу зи Ширину зи Фарҳод
Ҳама дар ҳарф панҷем, эй паризод.
Чаро, чун номи ҳар як панҷ ҳарф аст,
Ба бурдан панҷаи Хусрав шигарф аст?
Надонам хасмро ғолибтар аз хеш,
Ки дар мағлубу ғолиб номи ман беш.
Валек идбори худро мешиносам
В-аз иқболи мухолиф меҳаросам.
Ҳам идборе аҷаб дар роҳ дорам,
Ки муқбилтар касе бадхоҳ дорам.
Мабодо кас в-агарчи шоҳ бошад,
Ки ӯро муқбиле бадхоҳ бошад.
Аз он тарсам, ки дар пайкори ин кӯҳ
Гарав бар хасм монад, бар ман андӯҳ.
Маро он кас, ки ин пайкор фармуд,
Талабгори ҳалоки ҷони ман буд.
Дар ин сахтӣ маро шуд мурдан осон,
Ки ҷон дар ғусса дорам, ғусса дар ҷон.
Маро дар ошиқӣ корест мушкил,
Ки дил бар санг бастам, санг бар дил…
Тавон худро ба сахтӣ сангдил кард,
Бад-ин сахтӣ на, к-оҳанро хиҷил кард.
Маро ишқат чу муми зард сӯзад,
Дилам бар хештан з-ин дард сӯзад.
Маро гар нуқраву зар нест дар бор,
Ки дар поят кашам хирвор-хирвор,
Рухи зардам кунад дар ашкборӣ
Гаҳе заркӯбиву гаҳ нуқракорӣ.
Зи савдои ту, эй шамъи ҷаҳонтоб,
На дар бедорӣ осудам, на дар хоб.
Агар бедорам, андуҳ боядам хӯрд
В-агар дар хобам, афзун бошадам дард.

пешина
аз 349
навбатӣ